Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Инчунин тарзи мӯътадил ва усули қонунии интишори китоби худро то имрӯз ҳама олам риоя мекунанд ва қоғази гаронбаҳову маблағу заҳмати одамонро ба боди фано намедиҳанд. Равнақу ривоҷи тамаддуни башарӣ ба ҳамин дастур сурат гирифтааст.
Фақат дар мамлакати мо нашриёт монанди дигар соҳаҳои рӯзгор мулки давлат буд ва аз он ҳар яке ҷаҳд мекард, ки тиккаи бузургтареро бардорад.
Ходимони нашриёти “Адиб” мегӯянд, ки шоире дар ҷавоби бехаридор мондани китобҳояш ба онҳо рӯирост гуфтааст: “Бигзор бехаридор бошад, ман ба ин ҷиҳат кордор нестам...” Шоире дигаре радди танқид мекарду мегуфт:
“Мардум китоби Низомиро низ намехаранд, сипас ӯ низ беҳунар аст?!” Ҳарчанд ба ӯ фаҳмондан хостам, ки Низомӣ шоири даврони мо нест ӯ кайфияти мардуми ҳаштсад сол пешинро сурудааст, хонандаи осори пешиниён дар ҳамаи мамоликҳо хол-хол дучор мешаванд, вале шоири мо ҳеч ин маъниро идрок намекард. Сипас гуфтамаш:
— Пас аз ҳашт қарн китоби Низомиро дар Тоҷикистон агар ба андозаи даҳ ҳазор нусха харидаанд, аммо китоби туро баъди ҳашт сол касе ягон нусха мехарида бошад?
— Мехаранд, — гуфт вай.
Ӯ дуруст мегуфт — мехаранд. Мардуми мо ҳанӯз китоби нағзу бадро хеле кам фарқ мекунанд...
...Дар ҳар ҳолате, бо ҳиммати як идда мардуми соҳибмаърифат китобҳои хуб зуд ба фурӯш мераванд. Китобҳои афроди беҳунарона рахт-рахт бехаридор мемонанд. Тоҷикистон алҳол корхонае надорад, ки ин моли касодро дигарбора ба қоғази гаронбаҳо гардонад. Наход ки мардуми мо як умр ба ҳамин минвол беҳудакориҳо умрашро зоеъ кунад? Чаро миқдори адибтарошу олимтарошони аз истеъдод ва хиради ҳунаршиносӣ бебаҳра дар кишвари мо аз ҳар мамлакати дигаре зиёдтар аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо