Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуб, адибон агар ночор мондаанд, аҳли ҷамоат чаро ба ин аҳвол хомӯшанд? Ё худ адабиёт фақат кори адибон аст?..
Ба гумони ман, ҷамъияти мо ҳанӯз як навъ ҷамъияти хеле каммаърифат ва аз ҷараёни тамаддуни башарӣ хеле дур афтодаро мемонад. Инро адади нашри беҳтарин китобҳои мо ва сифати рӯзномаву маҷаллаҳои мо собит мекунанд. Инро забони тоҷикии адабиро саҳеҳ надонистани зиёиёни мо, муаллимон, вакилону вазирони мо, ҳатто бо забони сактаву шикаста даъвои мансаби президентӣ карданӣ мардони бехабар аз вазъи адаб далели қатъӣ нест?
Сипас, бигӯед, ки ман дар ин ҳараҷу мараҷ киро муттаҳам созам, кадом тоифаро гунаҳгор шуморам? Аз таҷрибаи сисола фаъолиятам дар саҳнаи адабиёт ман ин қадар донистам, ки усули давлатдории моро тағйир надода ҳеч яке аз ин дардҳоро даво кардан натавон. Ин ҳама ҳараҷу мараҷро тарзи давлатдории мо ба вуҷуд овардааст. Бо система, бо тарзи давлатдории коммунистӣ мубориза кардан беҳуда буданашро ҳама медонанд.
Хайрияти кор, имрӯз ин тартиботи мустабида анқариб бо саъйи дигарон бошад ҳам, аз миён меравад. Ман умедворам, ки хирман-хирман китобҳои каснахар, мансабдорони нависанда, депутатҳои кӯрсавод, ришвахӯроне, ки дар ҳимояи “адолатанд”, ҳаромхуроне, ки дар вазоратҳо, идораҳои савдо ҳукмравоанд, низ аз миён хоҳанд рафт. Агар ин ҳама афроди туфайлӣ бо тартиботи барояшон бениҳоят созгор аз миён раванд, ман ба офияти ин мулк умедвор хоҳам гашт.
Қонуну қоидаҳои тартиботи бюрократӣ дар мағз андар мағзи шуури мардуми мо ончунон реша кардааст, ки аз ин ҳол бисёр зиёиёни мо, ки худ даъвои равшанфикрӣ мекунанд, огоҳӣ надоранд. Муддате шуд, ки дар назди Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳурият як навъ шӯрои мушовиратии олимону адибон ташкил ёфт.

пешина
аз 393
навбатӣ