Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
МЕХОҲАМ, КИ БИДОНАМ...
Адибон аслан сиёсатмадор ҳам нестанду иқтисодшинос ҳам. Агар касе аз аҳли адабиёт ва дигар ҳунарҳо худро ба сиёсат задаст, муроди ӯ фақат мансаб аст. Аммо имрӯз, ки мардуми мо дар чорсӯи таърих ҳайрон аст, ман мехоҳам, ки бидонам: чаро фирқавиён ва ҳукуматдорони мо дар сухан тарафдори бозсозианду дар амал ошкору пинҳон муқобили ислоҳоти Горбачев амал мекунанд?
Чаро? Сабаби ин каҷ дору нарезро чор сол боз нафаҳмида ҳайронам.
Дуруст аст, ки бозсозӣ кулли имтиёзоти онҳоро барҳам заданист ва ба ҳар инсон аз рӯи ҳунар ва қобилияти кордониаш маош доданист ва онҳо ин ҳолро дидаю дониста чаро ба пои худ теша зананд?! Агар чунин аст, сипас чаро “бозсозӣ” гуён валвала мекунанд?
Бозсозӣ ва такя ба бозор кардан тақозо созад, ки замини кишт ва ҷангалу марғзоронро ба тадриҷ куллан ба дасти деҳқону молдорон бидиҳем ва деҳотиёнро ихтиёр бидиҳем, ки ҳар чи барояшон судбахш аст, ҳамонро бикоранд ё бипарваранд. Вагарна мафҳумҳои сабқат ва бозор бе моликияти хусусӣ гапи пуч хоҳад буд.
Хуб, дар ин ҳол раисони колхозҳову директорони совхозҳо, аҳли идораи онон, идоранишинони ноҳияву вилоятҳо, вазиру вузаро чи мекунанд? Наход, ки ин тоифа он қадар гӯл бошанд, ки бо дасти худ ба сари худ об бирезанд?!
Сабаби дар амал татбиқ нагаштани имкониятҳои қонуни нави заминдорӣ магар дар ин нукта пинҳон нест?
Чаро дар мо ҳар як мақсади некро бо комиссия, директива ва ғайра коғазбозии бюрократӣ ва чандин “эҷодкориҳои” нодаркор хаспӯш мекунанд? Ба қавли собиқ иқтисодшиноси мо, ҳоло иқтисодшиноси амрикоӣ Игор Бирман барои шиновариро омӯхтан ҳавзи об даркор асту бас. Яъне, барои оғози кор иборат аз якчанд модда дастур, ки ба моликияти хусусии одамон кафолат диҳад, дахолати ҳукуматдоронро ба кори онон маҳдуд созад, андозро кам кунад, лозим асту бас. Вассалом. Ба ғайр аз ин, истеҳсолоти ҳарбиро ба хидмати мардум — барои истеҳсоли ашёи зарурӣ мутобиқ кардан лозим.
Боре академик Шаталин изҳор дошт, ки агар заминро ба деҳқон боздиҳем, ӯ мегирифта бошад? Кӣ намедонад, ки агар заминро ба деҳқон диҳанд баъди ду сол мамлакат серу пур зиндагӣ хоҳад кард.
Баъди ин ҳама мехоҳам, ки бипурсам: бозсозӣ ба ин усуле, ки мо пеш гирифтаем, оё натиҷаи матлуб медода бошад?
Аз рӯзе, ки ақли худро шинохтаам, ман медонам, воизон аз сари минбарҳо ҳаёҳуй мекунанду қаламкашон мадҳияҳо менависанд, ки ҷумҳурияти мо гул-гул шукуфт, бахти мардумон чун косаи лабрез гашт ва ғайра ва ҳоказо. Имрӯз донистем, ки вазъи аҳволи мо аз ҳоли мардуми кишварҳои камбизоати навривоҷ ҳеҷ бартарӣ надоштааст... Ҳай гуфтему навиштем!.. Ман он ҳама осори дурӯғиншукӯҳи адибонамро хонда, имрӯз аз ҷониби онон сахт хиҷолат мекашам. Ва гоҳе шукри он мекунам, ки аз қайди афсуни ташвиқоти он айём ворастаам...
Дар воқеъ, ҷумҳурияти мо аз ваҷҳи иқтисодиёт ва маданияту фарҳанг дар тӯли ин ҳафтод сол чи гуна комёбиҳо ба даст овард?
Агар бигӯем, ки ман дар ягон соҳаи рӯзгор комёбии назаррасро намебинам — на дар бобати иқтисодиёт, на дар боби илму фарҳанг, тармими ёдгориҳо ва дигар навъ мероси ниёгон, аксаран бовар надоранд. Футури маънавиёту ахлоқ ва рӯҳияи мардумонро як тараф мегузорем.
(Дар Қубодиён дидам, ки барои пойдевори иморати идораи шаҳрдорӣ хандақе кофтаанду аз таҳи хок харобаҳои шаҳри қадимае баромадаст — кӯчаву хонаҳо, то ба қубурҳои об — ҳама равшану возеҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо