Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲИКОЯТ ЧИСТ ВА ЧИ ТАВР ОНРО МЕНАВИСАНД?

(матни фишурдаи сӯҳбат бо адибони ҷавон)

“Агар ту аз ҳунар ва осори бадеъ баҳра бардоштан хоҳӣ, мебояд сараввал инсони бомаърифат бошӣ”. Ин суханонро Карл Маркс навиштааст.
Бе ҳеҷ шаке хонандае, ки маърифат ёфтааст ва завқи худро бо мутолааи нағз парваридааст, ҳар як асари адабиёти бадеъ ва санъату ҳунари нафисро аз чандин паҳлу ва ҷиҳати он дарк мекунад. Яъне, чунин хонанда баробари мутолааи як ҳикоят ҳам ба маънию ҳам ба ҳусни баёну забони нигоранда ва қаҳрамонҳо сарфаҳм меравад ва ҳамчунон ба мантиқи воқеъаҳою ақидаи муаллиф ва самти ҳаракати афкори вай диққат додан метавонад. Чунин хонандагони борикфаҳм ҳатто нуқтаҳоеро, ки адиб ошкоро нанавиштааст, хоҳанд дарёфт. Аз миёни ин гуна хонандагони борикфаҳм, қаламкашон ба миён меоянд.
Ҳар як шуғлу ҳунар, ва пешаи каму беш арзанда аз ҳаваскор тайёрӣ металабад. Ҳеҷ инсоне килки сураткаширо ба даст гирифта, ба як бор тасвире мукаммал накашидааст ва ё ҳеҷ шогирде аввалбор теша ба даст гирифта шаҳсутуни нақшине насохтааст. Ҳар як ҳунар сирри худро дорад, ранҷи машқ ва заҳмати таълим металабад. Мегӯянд, ки касби назму наср устод надорад. Хамаи адибони пешин ва имрӯзӣ устоди қаламкаши ҳаваскоранд, раҳбалади беминнати ӯянд, агар вай дидаи ибратбине дорад. Ӯ аз мутолааи осори онҳо касби суханварӣ хоҳад омӯхт, ҳамаи асрори ин ҳунарро хоҳад дарёфт.
Ба ҷуз омӯхтан ва машқу таълим дар касби суханварӣ истеъдоди фитрӣ яке аз шартҳои зарурӣ аст. Истеъдоди ҳаваскор баъди навиштани ду-се шеър ва ё ҳикоя зуҳур хоҳад ёфт ва зуд ба назарҳо бармехӯрад. Бинобар он, ҳаваскорон ҳеҷ хавотир набошанд, ки аз истеъдоди онҳо, агар он бошаду зуҳур кунад, бе ҳеҷ шаке хабар хоҳанд ёфт. Агар адиби ҳаваскор дониш ва маърифати зарурӣ дошта бошад ва аз қонуну қоидаи сухан ва суханварӣ огоҳ аст, баъди иншои ду-се ҳикояте истеъдоди ӯро пай бурдан душвор нест.
Дар таърихи адабиёт гумроҳоне кам набуданд, ки ба истеъдод надоштани худ тан надода, умри азизро сарфи нависонавис кардаанд. Агарчи баъзе мунаққидон осори онҳоро таҳсин ҳам кардаанд, вале навиштаҳои онон ба ҳеҷ кас даркорӣ надоранд. Масалан, як тан аз ҳамзамонони Чехов қаламкаши номаъруф Н.Лейкин, ки ӯро каммаърифат гуфтан натавон, қариб даҳ ҳазор ҳикоят навиштааст, вале дар адабиёт ҳеҷ таъсир ва мақоме наёфта аст ва имрӯз номи ӯро китобхонони пурмутолиа ҳам ёд надоранд.
Инак, агар шарти аввали ҳикоянависӣ — огоҳӣ аз навиштаҳои адибон, донистани забон ва қоидаи иншо бошад, шарти дигар ва асосиаш истеъдод аст. Истилоҳи “истеъдод” тафсири домандоре дорад, ки мо ҳоло аз эзоҳи он худдорӣ мекунем, то ки аз такрори гуфта хонандагони азизро дилгир насозем.
Бигирем, ки шумо ин ду шартро гузаштед, яъне аз адабиёт огоҳед ва истеъдод доред. Агар ба наср машғулед, ҳатман ҳикоят менависед. Ҳикоятнависӣ барои адиби ҷавон сармашқи суханварӣ ва пухтагӯию рехтабаёнӣ аст.

пешина
аз 393
навбатӣ