Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

КАЛОМИ МОДАРӢ

Олитарин зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Аз ин аст, ки забони халқеро надониста ӯро шинохтан душвор аст. Донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки ҳамто надорад.
Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки ин забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмат надоранд ва наомӯхтаанд, ба халқу ватан эҳтироми бардурӯғ доранду бас.
Педагоги маъруфи айёми мо Сухомлинский аз ин хусус навиштааст: “Муҳаббати Ватан бе муҳаббати каломи модарӣ вуҷуд надорад. Фақат он касе, ки каломи модарӣ барои ӯ азиз аст, сидқан ва шууран зебоӣ ва қудрату бузургии ватани гуногунмиллати моро идрок кардан метавонад. Инсоне, ки шеваи модари азизи худро дӯстдор нест, касе, ки назокати каломи модариро эҳсос намекунад, — фарди бадзот ва беқавму қабилаест”.
Баъзан ба воситаи телевизион мутахассиси моҳири касби худ суханронӣ мекунад, вале нутқи ӯ ба он далолат мекунад, ки вай дар умри худ ба ҷуз китобҳои доири касби худ китобе дигар нахондааст. Ӯ намедонад, ки мутахассиси моҳир ҳамеша дорои маърифат ва маданияти баланд аст, бе нутқи фасеҳу равон, ҳисси зебоишиносӣ, адаб ва назокат ҳеҷ мутахассисе ба саодат нарасидааст, баръакс чунин мутахассисонро ба ҷоҳилӣ айбдор мекунанд.
Социологҳои Америка доири сабабҳои сабзидану пешравии инҷинер дар корхонаҳои бузург тадқиқ кардаанд ва натиҷаи ин тадқиқот хеле ибратомӯз аст. Сабаби пешравии инҷинер ҳамагӣ 15 фоиз аз дониш ва маҳорати инҷинериаш ва 85 фоиз аз нутқ, ҳисси одамшиносӣ, ҷаҳонбинӣ, назокату адаб, маърифату маданияти ӯ вобаста будаст. Яъне, асосан камолот ва саодати инсон аз китоби бадеъ будаст.

пешина
аз 393
навбатӣ