Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҒАЛАТҲОИ КӮҲНАВУ НАВ
Луғату фарҳанг дар ҳамаи давру замонҳо чун нишонаи шукӯҳманди тамаддуни миллатҳо шинохта шудааст. Дар ҷодаи пешрафти маърифату маънавиёти халқҳо саҳми ин китобҳо беандоза бузург аст, зеро дар онҳо хираду ҳикмати миллат дар асру замони муайяне аксандоз мешавад.
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим фарҳангу луғатҳои ба ақвоми Шарқ маълуму маъруф доштанд ва дар ин фан нисбат ба миллатҳои ҳамсоя пешрафти азиме насиб афтодааст. Вале ҳар як давру замон дар ин бобат зарурати худро пеш мегузорад. Аз ин ваҷҳ зарурати омӯхтани забони русӣ, ки баъди Инқилоби Октябрь аҳамияти хоса муҳиме пайдо кард, мутахассисони ин соҳаро низ ба миён овард ва онон ба таснифи луғатҳои тоза ба тозаи тарҷумавӣ аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ шурӯъ карданд, зеро тоҷикон маҳз ба василаи забони русӣ бо илму фарҳанги халқи бузурги рус ва тамаддуни башарӣ ошноӣ меёфтанд.
Охирин луғати мукаммали русӣ ба тоҷикӣ, ки соли 1954 бо таҳрири Абдусалом Деҳотӣ ва Николай Ершов интишор ёфта буд, то ба имрӯз ба мо хидмати пурарзише кард. Аммо ин луғат солҳои охир эҳтиёҷи моро пурра қонеъ намесохт. Аввало, хеле аз калимоти фаъоли забони русӣ, ки дар осори адибон, китобҳои илмӣ дучор мешаванд, ба ин луғат ворид нагашта ва сониян, тарҷумаи тоҷикии хеле калимоти русиро мураттибон дар он айём дарёфт накарда, ба тарзи “як навъ гиёҳ”, “як хел парранда” шарҳ карда буданд. Вале сарфи назар аз ин кӯтоҳиҳо ин луғатро мураттибону муҳаррирон бо диққати тамом, пухтаву санҷида ба нашр омода намуданашонро имрӯз корафтодагони озмуда иқрор хоҳанд кард.
Дар луғати нави “Русӣ-тоҷикӣ” (Москва, нашриёти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё