СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Ман акнун бо фазои лоҷувардӣ роз мегӯям, Муҳаббатҳову улфатҳои дурам боз меҷӯям.
Зи ҳар пайроҳаи бигзаштаам такрор меоям, Зи нав такрор меоям.
Ман акнун аз ҳавасҳои парешон даст мешӯям, Нигаҳ аз ахтарони дур мебандам.
Ба таъзим аз замин гулҳои рангоранг мечинам, Заминро саҷда меорам, Ба ёрон аз баҳори орзуҳо мужда меорам.
Агар гирям, чу абри навбаҳорон Наву такрор мегирям.
Агар хандам, чу гулҳоибаҳорӣ тоза механдам, Наву такрор механдам.
ШИКВАИ РӮДИ КӮҲӢ
Шоиро, хуш омадӣ меҳмони ман,
Меҳмони мавҷи хушилҳоми ман.
Пештар о, тарсам озорат диҳанд,
Хорҳои соҳили урьёни ман.
Лаҳзае биншин, ба оби ман нигар,
Як нафас бар печутоби ман нигар,
Бар ғами мардум ту бепарво наӣ,
Ғамгусорӣ, бар азоби ман нигар.
Чор фасли сол ҷавлон мекунам,
Чӯлу саҳроро гулистон мекунам,
Ман мутеи дасти инсонам кунун,
Ҳар чи хоҳад одамӣ, он мекунам.
Лек ин ҷо ҳоли зори ман бубин,
Дар ду паҳлӯ регзори ман бубин.
Бенасиб аз сабзаву себаргаам,
Ҷои гул хори канори ман бубин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё