Зеҳн
СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РАҲИ АРМОН

(Ба хотираи модарам — ҲикматмоҳҶумъаева)

Равонам аз раҳи қишлоқ имрӯз,
Дар он хурду калон бо ман шиносанд.
Ҳама ҳамсояҳо-занҳои деҳа
Маро чун модарам бас менавозанд.

Ҳамеша байни онҳо месурудам
Суруде аз ҷавонмардиву пайкор,
Суруди модарони чашм дар роҳ,
Суруди рӯзи ҳаҷру рӯзи дидор.

Гаҳе нимсеру гоҳе нимгурусна,
Вале дил пур буд аз уммеду армон.
Ба сар тоқӣ набуду буд фахрам,
Ки меҷангад падар дар ҷанги Гирмон.

Надидем оташи ҷанги ҷаҳонсӯз,
Вале мо ранҷи модарҳо бидидем,
Зи хирманҷойҳои бодрӯфта
Зимистон донаи гандум бичидем.

Басо барвақт бори ғам кашидем,
Басо барвақт ҷон бар каф ниҳодем.
Ба пои худ равон гаштем барвақт,
Ду чашми сер дар қаҳтӣ кушодем.

Равонам аз раҳи деҳ, модар, имрӯз,
Дар он нақши кудумат ёдгор аст.
Канори роҳҳар гул, ки шукуфта,
Чу чашмони ту бар раҳ интизор аст.

Аз ин раҳҳо гузашта бори аввал
Ба саҳро лолачинӣ рафтаи ту,
Ба мактаб рафтаи озоду хушдил,
Сухан аз эътиборат гуфтаӣ ту.

Аз ин раҳ рӯзи озодии занҳо
Ту бечодар гузаштӣ, рӯ кушодӣ.
Дар он даврон набуд ин кор осон,
Ба оташ чун сипанди тар фитодӣ.

Гузашти ту шаби тӯи арӯсӣ
Аз ин раҳ бо суруди ёр-ёрон.
Ту бори аввалу охир ҳамон шаб
Савора роҳ рафти шоду хандон...

Сипас, модар, ҷигарбандони худро
Фиристодӣ ту бар ҷанг аз ҳамин роҳ.
Ба мислиҷумла модарҳо шабу рӯз
Ту будӣ чашмчори роҳҳар гоҳ.

Падар н-омад, бародар ҳам наомад,
Вале бар мо зафар омад аз ин роҳ.

пешина
аз 39
навбатӣ