СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
Аз ин раҳ муждаи фирӯзӣ омад,
Ба ғам пайваста омад бахти дилхоҳ.
Баҳор омад, баҳори бас ғамолуд,
Баҳоре арғувон аз хуни мардон.
Насимаш бӯи дуди хонумонҳо,
Ҳаме боронаш аз ашки ятимон.
...Ҳамин раҳ ибтидои роҳи ман шуд,
Ба дуньё аз ҳамин раҳ омадам ман,
Аз ин пайроҳаи холиву хомӯш
Сухангӯю дилогаҳ омадам ман.
Маро ҳам аз ҳамин раҳ як замоне
Фиристодӣ, кӣҷӯям қисматамро.
Туро чун кӯдакии хеш, модар,
Ҳамин ҷо ёфтам, гум кардам ин ҷо.
...Сари роҳи ту истодам ман имрӯз,
Сари хоки ту биншастам ман имрӯз.
Зи ҳамкорону ҳамдардони бисьёр
Туро пурсида бигзаштам ман имрӯз.
Ниҳоле, ки шинондӣ, бор овард,
Дар он ҷӯе, ки кандӣ, об ҷорист.
Чароғи хонаи ту равшан ин ҷо,
Ҳама ҷо нақши дастат ёдгорест.
Ошиқам, эй диёри кӯҳистон,
Ошиқи нағмаҳои чӯпонат,
Ошиқи дасти заҳмати деҳқон,
Ошиқи саргузашти пиронат.
Нест подоши меҳрубониат
Ин муҳаббат, ки ман ба дил дорам .
Нест дар ҳаққи пуштибониат
Ин саодат, ки ман туро ёрам.
Дӯстдорам, диёри беҳамто,
На барои баҳори Дарвозат
На ба ҳусни тамузи Сирдарьё,
Тирамоҳони Вахши мумтозат.
Ошиқам, эй диёри ҳуснобод,
На барои футӯҳи афлокат,
На ба ёди гузаштаи ношод,
Саргузашти дарозу ғамнокат.
Ошиқам на барои неъматҳот,
На барои шукӯҳи иқболат...
Дӯстдорам аз он ки дар дуньё,
Зиндаам бо умеду омолат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё