СИЛСИЛА

Шоири ҷавон Баҳром Фирӯз дар ин китоби нави худ ҳамчун силсиладори дирӯзиён ва фардоиён, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон шеърҳое фароҳам кардааст, ки аз меҳру вафо, сидқу сафо саршоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 39 саҳифа
РОЗИ ПАДАР
Чун рӯд роҳи худро мо худ кушода будем,
Бар ҳукми қисмати худ мо тан надода
будем,
Бар ташнагон зи дарё обе надод дунё,
Аз чашмаи дили худ дарё кушода будем.
Хору хасе набуда садде, ки роҳи мо буд,
Бар теғҳои урён мо по ниҳода будем,
Бар дӯши хеш умре бори замона бурда,
Мо пайравони роҳи кас нофитода будем.
Моро ҳам инчунин буд як умр, як ҷавонӣ,
Бингар, ки мо саропо азму ирода будем.
Аз кӯҳ сарнагун шаву аз санг амон мапурс, Аз захми тир нола кун, раҳм аз камон мапурс.
Роҳи талош бигзину ҳиммат баланд дор,
Зинҳор дасти ёварӣ аз нокасон мапурс.
Дар об ғарқа гарду даме дасту по бизан, Аз бутта лутфу марҳамат аз осмон мапурс.
Шафқатталаб чӣ лоиқи ин гирудор шуд?
Аз фили дар қафас раҳи Ҳиндустон мапурс.
То метавонӣ миннати болин макаш, ҷавон,
Дастат ба сар гузору зи кас ину он мапурс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё