Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ранги рухсори ту аз рухсори гул нанг оварад,
Гул агар рӯи ту бинад, ранг аз ранг оварад.
Ҳалқаи пурпечутоби турраи шабранги ту
Дар хами чавгони худ сад дил ба найранг оварад.
Ёбад андар даҳр ҳамчун Хизр умри ҷовидон,
Ҳар кӣ дар оғӯши худ як шаб туро танг оварад.
Масти саҳбои ҷамоли анваратро ҳолатест,
Дар хаёлаш то абад кай нашъаи банг оварад?!
Қомати шамшоди зебои туро бинад агар,
Бар сари нахли санавбар боғбон санг оварад.
Ламъае гар аз гули рӯи ту афтад дар чаман,
Булбули шӯридаро ҳар дам ба оҳанг оварад.
Муждаи эъҷози Исо медиҳад оҳанги ӯ,
Мутрибе гар нағмаи ишқи ту дар чанг оварад.
Месазад, гӯяд Фалотун офарин бар табъи ман,
Туғралам гар дониши худро ба фарҳанг оварад.
Монии Чин нақши матбӯи ту дар Чин оварад,
Чини зулфат чини ғам бар ҷабҳаи чин оварад.
Юсуфи Мисри малоҳат чини абрӯи ту дид,
Чин ба абрӯ зад, ки ин абрӯ ба мо чин оварад.
Ром созад холи ҳиндуи ту ҳиндуро ба дин,
Ин аҷаб ҳинду, ки дини хеш бар дин оварад.
Зери бори ишқи ту қадде, ки мегардад дуто,
Кӯҳи Албурзу ҷиболи нав ба таҳсин оварад.
Аз ғами ишқи ту гар Фарҳод гардад талхком,
Тарки савдои хаёли лаъли Ширин оварад.
Ҳар кӣ рӯят дид, чун симоб гардад беқарор,
Кист, бинад оразатро, боз тамкин оварад!
Мадди тоқи абруи пайвасти мушкини туро
Зоҳиди садсола бинад, рахна бар дин оварад.
Дар бисоти оразат ҳар кас, ки бозад нарди ғам,
Аспи бахташ киштии шаҳрух зи фарзин оварад.
Мекунад ҳар дам ба авҷи мӯшикофӣ ошён,
Сайди маънӣ Туғралам аз чанги Шоҳин оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё