Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зулфи мушкин то ба даври моҳи рӯяш ҳола зад,
Шӯри тӯфон аз навоям дар найистон нола зад.

Зоҳид, аз баҳри Худо, сӯзи даруни мо мапурс,
К-аз ҳадиси оташи ишқаш лабам табхола зад.

Тухми уммеде, ки андар мазраи меҳру вафо
Кишта будам, аз саҳоби ноумедӣ жола зад.

Ҳар кӣ бар рухсори ӯ холи сиёҳаш дид, гуфт:
Ҳиндуи оташпарасте хайма дар Бангола зад.

Оламе меҳнат ба ранге аз ҷамолаш мекашад,
Чок шуд пероҳани гул, доғ бар дил лола зад.

Месазад дар мулки хубӣ гардад ӯ фармонраво,
Баски дар авҷи малоҳат ахтараш дунбола зад.

Гардиши даври фалак, Туғрал, зи тақдири азал Қуръаи номи маро з-андӯҳи чандинсола зад.

Маро аз оламу одам ғами ишқи ту бас бошад,
Ба пеши оташи ишқат дилам монанди хас бошад.

Аз он рӯзе, ки афтодам ба доми чун ту сайёде,
Аз он рӯ пераҳан дар тан маро ҳамчун қафас бошад.

Яке боз о ба сӯи ман, ки аз бетоқатӣ то кай
Фиғону нолаву фарёдам аз дил чун ҷарас бошад?!

Нигаҳро рухсати наззора фармо дар шаби зулфаш,
Куҷо ушшоқро андешаи тарси асас бошад?!

Набуррам аз ту пайванди муҳаббатро ба сад меҳнат,
Агарчи фурсати умрам ба олам як нафас бошад!

Нигоҳи чашми саффокаш1 ба сӯи ошиқон ҳар дам
Бад-он монад, ки турки Рум бар рӯи фарас бошад.

Ба як парвоз сайди сад маонӣ мекунад Туғрал,
Ба пеши чангули ӯ сайди анқо чун магас бошад.

1 Саффок – бераҳм.

пешина
аз 312
навбатӣ