Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба авҷи дилбарӣ рӯи ту то моҳи тамом омад,
Ҳилоли абруят дар чашми ман иди Сиём омад.

Қиёми қоматат бар мо намуд ошӯби давронро,
Ба боғи ҳусн то сарви баландат дар хиром омад.

Аз он рӯзе, ки ҳуснат аз таҷаллӣ партавафкан шуд,
Ба Тури қурби Мӯсо з-он сабаб аз най калом омад.

Ҷамоли оламорои ту зад як ҷилва дар олам,
Пайи таъзими ҳуснат Юсуфи мисрӣ ғулом омад.

Алам дар сина беҳад дорам, аҳволам намепурсӣ,
Маро ҷои шакар сад ҳанзали фурқат ба ком омад.

Надорам сабру тоқат, лек оромам шавад ҳосил,
Агар ҳиндуи холи ӯ маро бо ром-ром омад.

Шабе дар хотирам зулфи ту омад,
Хаёли нофа аз ёдам баромад.

Кушо имрӯз абвоби табассум,
Шаби ҳиҷронат, эй золим, cap омад!

Баромад аз дилам ғамҳои олам,
Ғами ишқи ту то дар дил даромад.

Ба рағми ман задӣ бо ғайр тире,
Хадангат бар нишони ман наёмад.

Шавад боғ аз хазон то ҳашр эмин,
Агар бар ҷониби гулшан хиромад.

Фитод овозаи ҳуснат ба олам,
Зи тахти дилбарӣ Юсуф фуромад.

Кашад берун гуҳарҳои маонӣ,
Ба ҳар ҷо чангули1 Туғрал даромад.

1 Чангул – чангол.

пешина
аз 312
навбатӣ