Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳри ишқаш дар азал хатти ҷабинам кардаанд,
Номи Маҷнунро аз он нақши нигинам кардаанд.
Ҳалқаи пурпечутоби назри зулфаш дил рабуд
Ҳамчу Искандар, ки бо зулмат қаринам кардаанд.
Ёд додан аз вуҷуди он даҳан ваҳм асту бас,
Баски андар нестӣ айнуляқинам1 кардаанд.
Аз сари ихлос кардам остони ӯ ватан,
Хоки кӯяш беҳтар аз хулди баринам кардаанд.
Лолаосо доғҳои синаи садчокро
Аз ҳавои ишқи он нозофаринам кардаанд.
Дину дил бар бод доду маҳрами васлаш накард,
Вомиқу Фарҳод бо сабр офаринам кардаанд!
Ёрро танҳо намеёбам, ки гӯям рози дил,
Душману ағёр аз ҳар сӯ каминам кардаанд.
Нолаву фарёди ман таъсир н-орад дар дилаш,
Нест айби ӯ, маро бахт инчунинам кардаанд!
Ҷомаи урёнии мо фориғ аз лавни2 ҳавост,
Пераҳан дар ишқи ӯ ранги заминам кардаанд.
Он қадар дар роҳи ӯ аз cap қадамфарсо шудам,
Шуҳрати номи ҷунун бо ман аз инам кардаанд.
Котибони қисмату тақдир аз фикри расо
Хирмани мулки суханро хӯшачинам кардаанд.
Нахли ашъори ту, Туғрал, ном меорад самар,
Гулшани тавшеҳро3 хосийят инам кардаанд!

1 Айнуляқин – дидаи яқин.
2 Лавн – ранг.
3 Тавшеҳ – мувашшаҳ, мувашшаҳсозӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ