Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ишқро ҳусни ту қонуни дигар пайдо кунад,
Вомиқ аз меҳри ту тарки пешаи Азро кунад.
Булбулу қумрӣ ба боғ аз ҳасрати қадду рухат
Он яке ку-ку занад в-он дигаре ово кунад.
Эй маҳи хубон, зи ишқат Зуҳра саргарми навост,
Бар фалак килки Аторуд васфи ту иншо кунад!
Дар чаман сунбул зи хиҷлат cap фуруд орад ба пеш,
Гар сабо афсонаи он зулфи анбарсо кунад.
Ламъаи ҳусни туро бинад Зулайхо гар ба хоб,
Аз надомат бар сари Юсуф басе ғавғо кунад.
Гар ба гӯши боғбон афсонаи рӯят расад,
То қиёмат кай дилаш майли гули раъно кунад?
Рахти ҳастӣ барниҳам бар маҳмили роҳи фано,
Гар рақиби бесаодат дар бари ӯ ҷо кунад!
Як шаб аз роҳи карам, эй шӯх, сӯи ман биё,
То нигоҳам дар бисоти оразат маъво кунад.
Масти саҳбои висолат гар шавад Туғрал, чӣ бок?!
Якқалам мулки ду оламро ба пушти по кунад!
Анбари зулфи кажат бозори анбар бишканад,
Қимати лаъли лабат савдои гавҳар бишканад.
Бо қади шамшод сӯи боғ гар орӣ гузар,
З-инфиъоли1 қоматат шохи санавбар бишканад.
Дар раҳи ишқат шудам хоку вале тарсам аз он,
К-аз ғубори ман туро наъли таковар бишканад.
Алҳазар аз фитнаи яъҷуҷи чашми соҳират,
Охир ин хайли бало садди Сикандар бишканад!
Лаъли худ гар во кунӣ чун ғунча ҳангоми сухан,
Аз табассумҳои лаълат нархи шаккар бишканад.
Ҳайрати ойина аз акси рухи зебои туст,
Аз арақ ҳар дам ба рӯи хеш ҷавҳар бишканад.
Мадди абрӯи ту дар тороҷи дил монад бад-он-к
Зулфиқори Муртазо девори Хайбар бишканад.
Як шабе сармасти саҳбои висоли хеш кун,
Гар шикастӣ ин сухан, дил ҳам баробар бишканад.
Дорам андар дил ҳавои ишқат, эй нозофарин,
Ин хумори ман кай аз ҳар ҷому соғар бишканад?!
Чун равам сӯят вале аз сангборони рақиб,
То ҳарими васли ту сад ҷо маро cap бишканад!
Ангубинат таъна созад бо шароби Салсабил,
Наргиси бебоки мастат қадри абҳар2 бишканад.
Номи ту то бар сари ҳар байти Туғрал тоҷ шуд,
Аз хиҷолат афсари фағфуру қайсар бишканад.
1 Инфиъол – шод, мутаассир.
2 Абҳар – раги ҷон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё