Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғунчаро лаъли лабат дилхун кунад,
Сарвро нахли қадат вожун кунад.

Лаҳҷаи лаъли ту аз хоки адам
Мурдаи садсоларо берун кунад.

Он чи савдои ту бо ман мекунад,
Кай ғами Лайлиш бо Маҷнун кунад?!

Марҳами васли ту дардамро давост,
Лек ҳиҷронат ғамам афзун кунад.

Чашмат ар Морут1 бинад, баъд аз ин
Тарки таълими фани афсун кунад.

Ашкам аз ҳаҷри ту чун дарё шавад,
Рафта-рафта таънаи Ҷайҳун кунад.

Номи ту равшан шавад, ҳар кас, ки ӯ
Фаҳми рамзи Туғрали маҳзун кунад.

1 Морут – номи малоика, ки ривоятҳои ҷолибе ба исми ӯ ва ҳамзоташ Ҳорут бастаанд.

Арғавон дар пеши рухсори ту берангӣ кунад,
Ғунча аз хандидани лаъли ту дилтангӣ кунад.

Ҳусни Юсуфро агар Парвин барои имтиҳон
Бо тарозу баркашад, кай бо ту ҳамсангӣ кунад?!

Монии Чин гар бибинад чини абрӯи туро,
Дар татаббуъхонаи Чин нақши аржангӣ кунад.

Дар тариқи мадҳи ту дар соҳати дашти варақ
Роизи1 килки ман аз по афтаду лангӣ кунад.

Ҷомае бо қоматат гар аз сухан дӯзам, вале
Сад қабои ноз андар қоматат тангӣ кунад.

Эй гули боғи латофат, аз кадомин гулбунӣ?
Ҳар кӣ рухсори ту бинад, булбулоҳангӣ кунад.

Нисбати хуршед бо рӯйи ту бошад ҳамчунин
Он тасаввурҳо, ки афюн бар сари бангӣ кунад.

1 Роиз – чобуксавор; тезгард.

пешина
аз 312
навбатӣ