Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй нигоҳи шафқатомезат маро аз ҷон лазиз,
Ҳар чӣ бошад дар ҷаҳон хуштар, маро аз он лазиз.

Ҳаст дар комам гуворо талхии заҳри ғамат,
Гарчи бошад дар мазоқи ҳар гадое нон лазиз.

Ман гирифторам кунун бо дарди бедармони ту,
Шарбате беморро кай бошад аз дармон лазиз?!

Ҷониби мо, мустамандон кун, Худоро, як назар,
Ҳеч набвад дар ҷаҳон некӯтар аз эҳсон лазиз!

Мурдам аз фарёдат, эй рашки бутони кобулӣ,
Гӯиё бошад ба гӯшат нолаи афғон лазиз!

Ҳарфе аз лаъли ту бошад гавҳари қиматбаҳо,
Менабошад ҳар матоъе, к-аш бувад арзон, лазиз.

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,
Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Ба сӯи ёр агар ман кунам равон коғаз,
Ба ҷои барф биёяд зи осмон коғаз.
Румузи нуктаи ушшоқ мекунад равшан
Ба ҳар касе, ки бувад рози ӯ ниҳон коғаз.
Набуд лойиқи ҳамчун ту туҳфаи дигар,
Ба даргаҳи ту фиристодам армуғон коғаз.
Ман ар ҳадиси ҷафоҳои ёр бинвисам,
Тамом менашавад, гар шавад ҷаҳон коғаз.
Яке зи ҳоли харобам ба нома кун пурсиш,
Ки мебаранд ба ҳар сӯ кабӯтарон коғаз.
Хушо насим, ки ҳангоми субҳдам як раҳ
Ба андалеб расонад зи гулситон коғаз!
Касе набуд, расонад ба ӯ паёми маро,
Ба дасти боди сабо додаам аз он коғаз.
Назар ба нома куну печутоби мо дарёб,
Навиштаем ба сӯи ту з-имтиҳон коғаз.
Ду ҷаъди турраи гесӯи ӯ бад-он монад,
Фусунгарон, ки бароранд аз даҳон коғаз.
Агарчи дурам аз он остон, бад-он шодам,
Ки назди ёр кунад арзи ман баён коғаз.
Бувад кунун зи сафои замири анвари худ
Миёни ошиқу маъшуқ тарҷумон коғаз.
Саводи нусхаи девони ишқ кун дар ҳам,
Мабод дафтари ғамро кунад зиён коғаз!
Диҳад ғубори хати ӯ бароти1 ман, Туғрал,
Ки хоҷа медиҳад охир ба бандагон коғаз.

1 Барот – навиштае барои дарёфти подош.

пешина
аз 312
навбатӣ