Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баски андар боғ аз ҷаннат асар дорад баҳор,
Ҷомае ҳамчун пари тӯтӣ ба бар дорад баҳор.

Дам ба дам ойинасон дар ишратободи чаман
Шоҳиди гулҳои рангин ҷилвагар дорад баҳор.

Аз хати райҳони лаъли ӯ маро маълум шуд:
Бар лаби дарёи раҳмат нилуфар дорад баҳор!

Мерасонад шир андар коми тифлони набот,
Аз тақозои маволидаш1 хабар дорад баҳор.

Баста маҳмил ранги гул бар ноқаи боди сабо,
Гӯиё з-ин боғ оҳанги сафар дорад баҳор.

Чун нигаҳ дар ошёнаш ҳоҷиби парвоз нест,
Баски аз ранги паридан болу пар дорад баҳор.

Он қадар дар боғи имкон карда сомони карам,
Шохи ҳар нахле, ки бинӣ, пурсамар дорад баҳор.

Аз шуъои шуълаи ҳар сафҳаи гул равшан аст,
Баски аз эъҷози ёқутӣ хабар дорад баҳор.

Дар гиребони тааммул фурсати андеша нест,
Домане аз роҳи суръат бар камар дорад баҳор.

Сад чаман гул гар намояд пеши чашмаш ҷилвае,
Кай ба ғайр аз рангу бӯ мадди назар дорад баҳор?!

Офарин бар мисраи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
«Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор!»

1 Маволид – фарзандон.

пешина
аз 312
навбатӣ