Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Оҳ, аз он рӯзе, ки гардидам ман аз васли ту дур,
Ҳушам аз cap рафту тоқат аз дилу аз дида нур.
Боди ҳиҷрон дар баҳори васл яғмо пеша кард,
Давлати дидорро аз ин ҳашам омад футур.
Бе дами субҳи висолат дар паси шоми ғамам,
Синаи садчоки ман кай бе рухат дорад сурур?!
Дар даруни дидаам чун мардумак ҷо доштӣ,
Гаштаам дур аз ту чун миръот орӣ аз шуур.
Туғрал, айёме, ки будам аз дилоромам ҷудо,
Назм кардам ин ғазал дар қабри Айюби1 сабур.
1 Айюб (а) – паёмбаре, ки бо сабурию дардпарварӣ машҳур аст.
Зи ҳаҷр ба пои тамошо нигоҳи ту занҷир,
Зи шоми зулфи ту субҳи умед домангир!
Бунафш рози ғамат шуд натиҷа мӯи сафед,
Нарафта аз даҳани ӯ ҳанӯз бӯи шир.
Нигоҳи дидаи маҳмил, ки фарши таслим аст,
Ба ҳайратам, ки чӣ бошад ба хоби ӯ таъбир?!
Ҳалол бод ба шамшери абруяш хунам,
Агар кунам сари мӯе ба ҳурматаш тақсир!
Магар навишта баротам ба ғозаи саҳарӣ,
Ки шуд ба рӯзи ҷавонӣ шаби умедам пир?!
Ба сад умед, ки бигрифтӣ домани васлаш,
Мадеҳ зи даст, ту коре куну ба пояш мир!
Расонд боди сабо қиссаи шамими хатат,
Намонд бӯи хуши займурон дигар ба замир!
Хироми ройизи килкам расад ба байти шараф,
Ба ёди қадди ту гар мисрае кунам таҳрир.
Чу ганҷ кай бувадам тоби миннати меъмор,
Ки нест ғайри харобӣ ба қаср бо таъмир!
Шунид ғунча ба боғ аз ҳикояти суханат,
Шуд аз ҳадиси даҳони ту дар чаман дилгир.
Шуд аз баҳори тамошои гулшани рӯят
Нигоҳи дидаи қурбониён чамантасхир.
Хушо зи мисраи Бедил, ки гуфтааст, Туғрал,
«На ғунча офқибатафсун, на ҷон бақотаъсир!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё