Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ашъори мунтахаб»- и мутазаккираи соли 1964 бо эҳтимоми Носирҷон Маъсумӣ аввалин бор ба ҳуруфи кирилӣ дар Душанбе (нашриёти «Ирфон») чопшудаи шоир ҳам дар асоси маводди девон ва нусхаи бозёфтаи М. Диёрӣ мураттаб шуда, доройиҳои мусаввадаро таҷассум намесозад.
Ҳамчунин, дар як идда тазкираву баёзу радоифулашъори мухталифа ҳам намунаҳое аз чакидаҳои табъи саршори Туғралро дучор омадан мумкин аст, ки бозгӯии интишору иштиҳори васеъи каломи баландпарвози суханвари мумтозанд.
Осори боқимондаву дастраси Туғрал дар қолаби маснавӣ, касида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод шудаанд. Аз ҷумла, маснавии «Лайлию Маҷнун» иборат аз 219 байт буда, қисмати муқаддимавӣ, бобҳои «Гуфтор дар нопойдории олам ва бемадории чархи кулфаттавъам»,«Дар мадҳи устоду мавлои худ Шамсиддин Муҳаммади Шоҳин», «Дар сабаби таълифи ин ишқнома ва ҷамъияти ин аҷзо ва ёрмандии хомаи мушкиншамома» ва «Оғози достони «Лайлию Маҷнун»
ва ошиқ шудани эшон ба ҳам»-ро фаро мегирад. Ин асар аз охирин намунаҳои мактаби «Лайлию Маҷнун»- саройии адабиёти классикии тоҷик мебошад, ки дар пайравии маснавии «Лайливу Маҷнун»-и Шамсиддин Шоҳин (1858-1894), дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ва мақдур, суруда шуда, бо байти зерин оғоз меёбад:

Бунёди сухан кунам ба хома,
Машшота занам ба зулфи нома!

Мутаассифона, маснавӣ ё нотамом мондааст ва ё давомаш аз байн рафтааст ва ҳамин абёти боқимонда ҳам дар ҷое ба табъ нарасидааст.

пешина
аз 312
навбатӣ