Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То абад Ҷавзо камар андар миён.
Нест ҷорӣ бар забони душманат
Рӯзу шаб ғайр аз нидои «ал-амон!»
Бо яке ҷунбиш гирифтӣ баҳру бар,
Кас надида чун ту Искандарнишон.
Подшоҳо, дар замони давлатат
Гум шуда расми тазаллум аз миён.
Менаёяд нолае дар гӯши кас,
Ҷуз фиғони булбул андар гулситон.
Нест иқлиме, ки мафтӯҳат нашуд,
Ҳаст нусрат дар рикобат тавъамон.
Зомини арзоқ бошад дасти ту,
Ай вуҷудат боиси амну амон.
Гар диҳӣ фармон ту дар азли қазо,
Хоҳиши тақдир набвад ҷуз дар он.
В-ар нависӣ ҳукм баръакси қадар,
Кай қазо берун равад як мӯ аз он?
Дар шаби зулмат бароӣ аз ҳарам,
Аз ниҳебат бар фалак афтад қирон.
Мешро бо гург додӣ оштӣ,
Эй халоиқ рамма, ту ҳамчун шубон.
Динпаноҳо, гашта аз инсофи ту
Беибо тиҳу ба шоҳин меҳмон.
Расми хешӣ дар миён овардааст
Адли ту бо рӯбаҳу шери жаён.
Гар ба тасхири ҷаҳон бандӣ камар,
Фатҳ созӣ Қайравон то Қайравон.
Ҷонишини маснади пайғамбарӣ,
Шуд аз он номат шаҳаншаҳ дар ҷаҳон.
Сарнавишту ифтихори аҳли дин,
Обрӯйи миллати исломиён.
Дорад аз фарри Фаридун парчамат
То абад хосийяти бабри баён.
Пеши ҳилмат кӯҳ чун боди хафиф,
Пеши ҳукмат бод чун кӯҳи гарон.
Дар сафи аъдо дарояд лашкарат,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо