Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз либоси салтанат таҷрид бод!
Дар кафи дасти саҳобосойи ту
То қиёмат хотами Ҷамшед бод!
Пеши таҳқиқоту доругири ту
Гирудори хусравон тақлид бод!
Ай зиёи миллату дин, ҷуз тараб,
Ҳар чӣ дидастӣ, ҳама нодид бод!
Ҳар кӣ бо қасди ту лашкар мекашад,
Лашкари ӯ дур аз таҷнид бод!
В-ар ба қасди ҳар замин лашкар кашӣ,
Фатҳу нусрат з-осмон таъйид бод!
Бахшиши бемунтаҳоят то абад
Дафтару авроқро таҷлид бод!
Ҳаббазо, аъдо зи ту мағлуб шуд,
Марҳабо, дин аз ту дар тамҳид бод!
Роҳи тақрибат биҷӯяд гар касе,
Каъбаи мақсуди ӯ табъид бод!
Ҳар диле, к-он бар хилофат хуш бувад,
Аз сувайдои алам тасвид бод!
Бадсиголи давлатат аз бими ҷон
То ба рӯзи марг дар таҳдид бод!
Гарду хоки пою наъли маркабат
Боми нуҳ қасри фалакро Шед бод!
Ҷуз ба даргоҳи ту кас ҳоҷат барад,
Ҳоҷаташро аз қазо тақъид бод!
Хутбаи миллат ба номат хатм шуд,
Хотами давлат туро тақрид бод!
Бар яминат осмон савганд хӯрд,
Бар ясорат аз фалак таъкид бод!
Хотири Туғрал, ки маддоҳи ту аст,
Чун тилои ҷаъфарӣ ҷаййид бод!
Хонаи шеъри маро аз мадҳи ту
То абад оройишу танҷид бод!
Гарчи гуфторам ба мадҳат шуд баланд,
Дархури чун ту шаҳ ин таҷвид бод!
То бувад андар ҷаҳон уммеду яъс,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо