Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба интизори қудуми ту фарши раҳ гашта,
Бар он умед, ки монӣ қадам бар ӯ як бор!
Чӣ мешавад, ки ба ӯ аз карам гузор орӣ
Ту, эй нигори қамарорази парирухсор?!
Пас аз салом расонидан аз мани маҳҷур
Зи рӯи чеҳраи мазмун ту пардаро бардор.
Бигӯй бори дигар, эй насими субҳгаҳӣ,
Ки чашми ӯ ба раҳи интизори туст дучор.
Маро зи тори висоли ту буд пайванде,
Намудӣ қатъ ба миқрози ҳаҷри худ он тор.
Чаро намудӣ аз ин мустаманд худро дур?!
Чаро ниҳодӣ аз ин ғамкашида рӯ ба фирор?!
Ҳазор ҳайф аз он аҳду қавми ту бо ман,
Ки мубталои фироқат намудӣ охири кор!
Бигуфтӣ: «Гул ба гулистон агарчи бисёр аст,
Вале куҷост, ки гул дар чаман бувад бехор?»
Агар туро талаби ганҷу гавҳару сим аст,
Ҳусули ганҷ касеро куҷо шавад бе мор?!
Агарчи ҷумлаи аҳли ҷаҳон ба ҳам ёранд,
Надида дидаи бинанда ёр бе ағёр.
Кашидаам зи ғамат меҳнату ҷафову ситам,
Нагашта улфати ман ғайри кулфату тимор.
В-агарчи шеваи ошиқ ситамкашӣ бошад,
Ситам кунанд ба дилдодагон на ин миқдор!
Нагуфтӣ ҳол туро чун-ст, эй ҷафопеша,
Гузар накардӣ ба болини хастаи бемор!
Ба рӯзи ҳашр халоиқ ҳисоб пеш оранд,
Ҳисоби зулми ту пеш орам, эй ҷафокирдор!
Фиғону нола кунам пеши қодири барҳақ,
Баёни ҷабри ту созам ба Аҳмади мухтор.
Диҳам нишон ҳама он чоки ҷайби мазлумӣ,
Ҳазор навҳа кунам назди чорёри кибор.
Ту он чи кардаӣ бо ман зи рӯи бераҳмӣ,
Ба арз оварам он ҷумла ҳар яке сад бор!
Ба қаъри чоҳ бувад ҳар кӣ солҳо маҳбус
Ва ё ки ҳамдами шеру паланг дар куҳсор;

пешина
аз 312
навбатӣ