Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То ки зи ёрони футувватшиор
Хоста аз банда ба чоп ихтиёр.
Аз мадади аххи1 мурувватнишон
Ҳоҷӣ Муҳаммадқулии тарҷумон,
К-ӯст маро мӯнису ёри қадим,
Тоҷи сари ман шуда чун ҳарфи «мим».
Ашрафи туҷҷор, ки ӯ Лутфӣ буд,
Лутф ба мо карду иноят намуд.
Мазҳари илму адабу фазлу ҷоҳ,
Ҳазрати Ваҳҳоҷи асолатпаноҳ,
Номи шарифаш шуда Исҳоқбек,
Бо ҳама мақбул, чи зишту чи нек.
Аҳмади Васлӣ – шаҳи мулки сухан,
Қомати ӯ – шамъи тавассуллаган,
Ҳиммати худ сарфи ҳамин шева кард,
Бурд зи ақрон аз ин муҳра нард.
Котиби некӯрақами хушбаёз,
Муътамади ҳазрати шаҳ Булфаёз,
Дар қаламу нома аторудҷоҳ,
Муншии девони вазоратпаноҳ.
Гарчи қаровулбегӣ аст мансабаш,
Нест ҷудо аз бари шаҳ як шабаш.
Аҳмади Равнақ, ки зи роҳи карам
Кард басе саъй дар ин кор ҳам,
Буд яке фозили Қурбилақаб,
Қурбати2 ӯ чопи маро шуд сабаб.
Он қадараш саъй дар ин кор буд,
Гарди ғам аз ойинаи ман зудуд.
Ҳар нафасу ҳар даму ҳар лаҳза ӯ
Дошт дар ин амр басе ҷустуҷӯ.
Бандаи қайюму ғуломи ҳай аст,
Шаккаре чун лаъли лаби ӯ кай аст?!

1 Ах (ихвон) – бародар.
2 Қурбат – қаринӣ, наздик; ёрӣ.

пешина
аз 312
навбатӣ