Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоса, Муҳаммадқулу Лутфӣ ба ҳам
Аз раҳи алтофу тариқи карам,
Хомасифат баста камар бар миён,
Ҳамчу Дупайкар ба карам тавъамон,
Дар садади чопу пайи табъи ӯ
Ҳар ду ба ҳам аз паи номи накӯ.
Ҳар як аз ин ҳар ду футувватасар,
Чи шабу чи рӯзу чи шому саҳар,
Баски дар ин кор намуданд ҷаҳд,
Оқибат ин тифл даромад ба маҳд.
Аз карами холиқи кавну макон
Хайр бувад оқибати корашон!
МУҚАТТАЪОТ

ҚИТЪА

Ҷаҳони назмро султон чаҳоранд,
Ки ҳар як боғи донишро баҳоранд.
Аввал Фирдавсӣ, он к-аз хоки Тӯс аст,
Аз ӯ рӯи сухан рӯи арӯс аст.
Дувум Саъдӣ, ки ӯ cap зад зи Шероз,
Расад шерозиёнро бар ҷаҳон ноз.
Севум сарви риёзи Қум Низомӣ,
К-аз ӯ мулки сухан бошад тамомӣ.
Чаҳорум Анварӣ, то cap баровард
Чу оби пок аз хоки Абевард.
Пас аз ин чор устоди ҳунарвар
Суханҳои ману ғайри ман овар,
Навои булбулу асвоти зоғ аст,
Хироми кабку рафтори калоғ аст.

ҚИТЪАИ ТАЪРИХИ ҶУЛУСИ САЙЙИД ОЛИМХОН
– АМИРИ БУХОРО БАР ТАХТИ САЛТАНАТ

Сад шукр Худоро, ки амири одил
Бар тахти падар нишасту зад бар сар тоҷ.
Бо лашкару бо халқи зиёд ӯ кам кард
Ҳармоҳа вазифарову ҳарсола хироҷ.
Аз маъбари1 обу бандари ин кишвар
Кас нест, ки ҳаббае2 зи кас гирад боҷ.
Имрӯз барин савлати инсофаш
Шоҳин накунад майли шикори дурроҷ.

1 Маъбар – пул, гузаргоҳ.
2 Ҳабба – воҳиди вазн, миқдори кам.

пешина
аз 312
навбатӣ