Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Он нахоҳӣ кард, донам ҳаргиз, аммо ин кунӣ!
Дар ҳарими ҳурмати васлат касе восил нашуд,
То чу булбул ишқи ӯ з-оҳу фиғон комил нашуд,
Оразаш чун каҳрабо то бо хазон шомил нашуд,
Аз гули рӯи туам ранге ҷуз ин ҳосил нашуд,
К-аз сиришки арғавонӣ чеҳраам рангин кунӣ.
Дам ба дам девонагӣ аз ишқат афзояд маро,
Нохуни тадбир ҳаргиз уқда накшояд маро!
Хотами дасти Сулаймон гар ба даст ояд маро,
Сар ба тоҷи салтанат дигар фурӯ н-ояд маро,
Гар ҳама умр илтифоте бо мани мискин кунӣ!
Ошиқонро зиндагӣ дур аз ту мебошад муҳол,
Аз сари кӯят бурун рафтан маро набвад хаёл,
Дар ҷавоби Туғрал омад мужда ҳангоми суол.
Ҷаннатулфирдавс бинмоянд дар хобат, Камол,
Гар шабе хоки дари он моҳро болин кунӣ!
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ БЕДИЛ
Чини абрӯ хун чаконад мадди эҳсони туро,
Оби ҳайвон ҷон фишонад лаъли марҷони туро,
Хизр бар Кавсар нишонад хатти райҳони туро,
Шарми ҳусн ойина донад рӯи тобони туро,
Чашми исмат сурма хонад гарди домони туро.
Толиби васли ту шуд дарси хамӯши эътибор,
Дар ҳаримат нест раҳ аз нолаҳои зор-зор,
Дидаи ойина бар рӯи ту бошад интизор,
Сурма аз хоки шаҳидон гар намегирад ғубор,
Кист, то фаҳмад забони бенавоёни туро?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо