Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Набошад завқи роҳат коми арбоби маониро,
Ки созад чарх сарфи сифла шаҳди меҳрубониро.
Ба нарди муҳраи ғам аспи мақсадро зи фарзин кун,
Зи кишти беасар ҳосил набошад донарониро.
Ғаму шодӣ ба олам тавъамони як баму зеранд,
Ки дар пай шоми нокомист субҳи комрониро.
Ба таври қурби дил касро набошад маҳрами розе,
Ки натвонад касе дар водии Айман шубониро.
Ба фатвои муҳаббат дар сулуки ишқ кай бошад
Миёни ошиқу маъшуқ гуфтори забониро.
Ба рамзе кун адо бо ёр арзи муддаои худ,
Ки дил ҳам нест маҳрам нуктаи рози ниҳониро.
Муҳити дил, ки аз мавҷи талотум шӯрише дорад,
Кӣ меорад бурун ҷуз ман гуҳарҳои ниҳониро?
Ба дарёи сухан то чанд ронӣ заврақи маънӣ,
Наӣ ғаввос, кай донӣ сулуки дурфишониро?
Ба ранги сурма гардидам ба ёди чашми ӯ, Туғрал,
Қазо аз мӯи чинӣ кард бо ман килки Мониро.
Надорад майли улфат вазъи озодиписанди мо,
Бувад чун сарв урёнӣ ба бар моро паранди мо.
Садои маҳмили роҳи нафас шуд изтироби дил,
Ба ғайр аз нола кай хезад дигар дуд аз сипанди мо?
Лаби Ширин чу Хусрав сарнавишти хомаи мо шуд,
Шакар резад саропо ҳамчу най аз банд-банди мо.
Муҳити як ҷаҳон маънӣ шудем имрӯз дар олам,
Садои кӯси навбат мезанад кӯҳи паҳанди1 мо.
Зи бас дорем мо ғаввосии баҳри сухан, акнун
Гуҳар аз қулзуми маънӣ кашад фикри баланди мо.
Ғизоли дашти ваҳшат гашт сайди водии улфат,
Зи тори риштаи фикри расо бошад каманди мо.
Хироми роизи килки кафи моро чӣ мепурсӣ,
Ду оламро намояд тай ба як ҷавлон саманди мо.
Ба қуллоби2 нафас як оламе дар доми мо бошад,
Раҳоӣ нест асло сайди маъниро зи банди мо,
Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи Бедил, ки мегӯяд:
«Чаро дар банди нақши мо набошад нақшбанди мо?»
1 Паҳанд – доме, ки бо он ҷонваронро сайд кунанд.
2 Қуллоб – чангак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё