Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷуз ишқ ба олам ҳама авҳоми1 хаёл аст,
Бо мурғи ҳавас сояи анқо пару бол аст.

Таълими ҷунун гир зи устоди муҳаббат,
Ҳар ҳарф, ки хонӣ зи ғамаш, дарси камол аст.

Андар пайи иқболи ту идбор муҳайёст,
Шоми ғами ҳиҷрони ту аз субҳи висол аст.

Сарчашмаи дилро макун аз гарди ҳавас гил,
Акси рухи худ бинӣ, агар об зулол аст.

Тарсам, ки дарад ҷомаи нозаш ба нигоҳе,
К-андар бари ӯ пераҳан аз тори хаёл аст.

Дӣ муҳлати имрӯз фикандӣ ту ба фардо,
Ойинаи мустақбалу мозии ту ҳол аст.

Ташвиши дигар нест ба ғайр аз сари мӯе,
Гар чинии моро ҳаваси ранги сафол аст.

Уммеди вафо кардаам аз рамзи нигоҳаш,
Дар муҳраи ғам баски дилам қуръаи фол аст.

Туғрал, шуда то тӯтии табъи ту шакаррез,
Дар мадҳи забони ту забони ҳама лол аст.

1 Авҳом – гумонҳо, пиндорҳо, аз решаи «ваҳм».

Гарчи рангу бӯ далелу шоҳиди рӯи гул аст,
Лек андар рӯи гул пероя1 з-оҳи булбул аст.

Сози айше нест андар базми имкон, дам ба дам
Аз шикасти ранг минои диламро қул-қул аст.

Сарнавиштам шуд зи девони қазо ошуфтагӣ,
Хомаи тасвири ман гӯё зи тори сунбул аст,

Наргиси бебоки ӯ майхона дорад дар бағал,
Мастии чашмаш на аз кайфийяти ҷоми мул аст.

Сӯхтам чандон, ки печидам ба худ дар нори ғам,
Дуди шамъи дил маро аз печутоби кокул аст.

Нестам чун шона аз савдои зулфи ӯ бурун,
Ёди гесӯяш кунун дар гардани ҷонам гул аст,

Ҳар замон парвоз месозад суи сайди сухан,
Туғрали моро, ки аз фикри маонӣ чангул аст.

1 Пероя – ороиш, зебу зинат.

пешина
аз 312
навбатӣ