Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бода риндонро шароби кавсарист,
Гардани мино дар оғӯши парист.
Аз румузи мушкилоти зулфи ӯ
Гар гузаштӣ бетааммул, сарсарист!
Инқилоби ранги фитрат кор нест,
Модагиҳои заған ҳам аз нарист!
Ҷавҳарат ойинасон гул мекунад,
Хушкии савдоят аз ҷӯши тарист1.
Оҳи булбул мезанад оташ ба боғ,
Дар бараш гар ҷомаи хокистарист.
Сангдилро нест раҳ дар базми мо,
Душмани ин шишаву мино парист.
Раҳбари нол2 аз заъифӣ нола шуд,
Маҳрами қонуни соз аз лоғарист.
Тарҳи улфат дода рухсораш ба ҳам,
Обу оташро агарчи доварист.
Ҳамчу зулфаш нест устоди дигар,
Баски шогирдаш сипеҳри чанбарист!
Наргисаш ғоратгари ислому дин,
Сунбулаш зуннори машқи кофарист,
Дар фироқ аз толеи бахти бадам,
Гарчи фолам қуръаи некахтарист.
Чашми ҷодуи ту дар машқи фусун
Сархати афсуну сеҳри Сомирист3.
Чор сӯят панҷнавбатзан пур аст,
Гар ба савдои ту шашшум муштарист.
Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил гуфтааст:
«Худнамоиҳо касофатҷавҳарист!»

1 Тарӣ – тару тоза, бо тароват.
2 Нол – най.
3 Сомирӣ – соҳире буда дар замони ҳазрати Мӯсо (а).

пешина
аз 312
навбатӣ