Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,
Лутф созад ба мани хаста Худованд агар.
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Баъдҳо, ба сабаби бефарзандӣ, Нақибхон аз Истам ҷудо шуда, бо Муҳаррамаи Аслиддин ном духтари Томинӣ ақди никоҳ баста, соҳиби Муқаддара ном духтаре мешавад. Аз Муқаддара Муаттара ном духтаре ба ҷаҳон меояд, ки то ҳол (соли 2014) дар қайди ҳаёт буда, чароғи хонадону мазористони бобойи шаҳидашро равшану зинда медорад.
Бо вуҷуди рафтуойи доимӣ ва аёдати дӯстони дуру наздик, мададгорӣ ба камбағалону ниёзмандон ва тангию сахтиҳои рӯзгор, Туғрал ҳеч гоҳ ранҷу машаққати эҷоди бадеиро пушти сар накардааст ва далелҳо гувоҳи онанд, ки дар тӯли ҳаёти баъдӣ лаҳзае аз омӯзишу андӯзиш барканор наистода, соҳаҳои мухталифи илму дониши замонаро фаро гирифтааст ва муттасил аз пайи такмили фаҳмиши илмӣ ва ҳунари шоирӣ будааст. Барои мисол, дар мусаввадаи шоир дар тариқи донистани моҳи шамсӣ, усули ҷамъу зарбу тақсим, тарзи тайёр намудани ҳар гуна маъҷуни табобатӣ, усули табобати дарди дандон, зарари пурхорӣ, тарзи навиштани ҳар гуна санадҳои расмию шаръӣ, дар боби таваллуду вафот ва ҷулусу нузули ҳар гуна ашхоси таърихӣ қайду қитъаҳои таърих ва намунаҳои амалӣ сабту забтанд, ки ҳама шоҳиди гӯёи бохабарии амиқи Туғрал аз ҳисобу ҳандаса, тиббу табобат, фикҳу абҷад ва таърихи гузаштагон мебошанд.
Ҳамчунин, ӯ дар шатранҷбозӣ маҳорати тамоме дошта, соҳиби хатти зебову хонои настаълиқ ҳам будааст. Зиёда аз ин, илми деҳқонию ҳунари бинокорӣ, урфу одати халқу забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шаҳру деҳотро ба хубӣ медониста, дар равияи эҷоди бадеъӣ дониши илмию китобию ҳаётиашро некӯ ба ҳам дарпайваста тавонистааст ва ин ҳама ҷилову ғано дар забони фасеҳ, саноеъи бешумор ва ҳикмати санҷидаи шеъри Туғрал равшану возеҳ зуҳур кардааст.

пешина
аз 312
навбатӣ