Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳоҷати ман дар ду олам ҷуз гули рӯи ту нест,
Равзаи ризвони ман ғайр аз сари кӯи ту нест.
Аз тавофи Каъбаву дайру ҳарам моро чӣ ҳаз1?
Масҷиду меҳроби ман ғайр аз сари кӯи ту нест.
Як даме осуда набвад ин дили маҷрӯҳи ман,
Лаҳзае холӣ зи савдои такопӯи ту нест.
Обутоби сунбули зулфи бутон дидам, вале
Печутоби турраи марғулаи мӯи ту нест.
Бо нигоҳе хонаи дилро мунаввар мекунӣ,
Ваҳ, ки куҳли2 дӯстӣ дар чашми ҷодуи ту нест.
Чашми ибратро кушодам бо тамошои чаман,
Қомати шамшод ҳамчун қадди дилҷӯи ту нест.
Дидаам имрӯз як-як шоирони рӯзгор,
Шоире чун Туғрали зору дуогӯи ту нест.
1 Ҳаз – лаззат, ҳаловат.
2 Куҳл – сурма.
Баски ҳастӣ нафасшумори ту нест,
Адам ойинаи баҳори ту нест.
Кавкаби бахту ахтари иқбол
Қуръаи фоли эътибори ту нест.
Соз чун анкабут доми магас,
Сайди анқо агар шикори ту нест.
Фурсати аҳди ғам зи даст мадеҳ,
Ҷоми ишрат дар интизори ту нест.
Акси матлаб нашуд муқобили ту,
Баски ойина дар канори ту нест.
Чанд бозӣ ту нарди муҳраи ғам?
Кишти уммед обёри ту нест.
Қадаме нест андар ин водӣ,
Асари захми неши хори ту нест.
Сӯйи мо мекунӣ ба танз1 нигоҳ,
Лек имсол вазъи пори ту нест.
Офарин бод мар туро, Туғрал,
Маъние нест, к-ӯ дучори ту нест.
1 Танз – ҳаҷв, ришханд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё