Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарви нозаш ҳар тараф бо қомати дилҷӯ гузашт,
Шӯру ғавғои ҷаҳон аз гунбади минӯ гузашт.

Дар чаман сунбул зи хиҷлат cap ба пеш афканда буд,
Ҷониби гулшан магар бӯе аз он гесӯ гузашт?

Дар камингоҳи тағофул чашми ӯ раҳ мезанад,
Маҳмили нозаш агар аз гӯшаи абрӯ гузашт.

Дуди оҳи ошиқон фаввора бар гардун занад,
Гар саманди нози ӯ бо ҷилва аз ҳар сӯ гузашт.

Ҳар сари мӯ бар танам монанди ханҷар мешавад.
Гар сари мӯе диламро ҷуз сари он мӯ гузашт.

Офтоби ҳусн пиндорӣ, ки омад дар кусуф,
То саводи печутоби туррааш аз рӯ гузашт.

То шудам, Туғрал, зи тири ишқи ӯ ваҳшаткамин1,
Ваҳшатам андар биёбон аз раҳи оҳу гузашт.

1 Ваҳшаткамин – дарваҳшатнишаста, ваҳшатзада.

Шаб, ки дар дил акси хуршеди рухи ӯ ҷо гирифт,
Зулмати ҳар зарраам боҷ аз яди байзо1 гирифт.

Сарфарозонро ба олам ҷуз тавозӯъ чора нест,
Дарси таълими адаб мебояд аз мино гирифт.

Дар тариқи ишқ аз саъйи талаб ғофил мабош,
Мавҷ бо ин ҷаҳд охир домани дарё гирифт.

Куфру имон ҳар ду яксон аст андар чашми ман,
Аз майи ӯ бар сарам ин нашъа то боло гирифт.

Сӯзани марҳам агар борик аз фикри ман аст,
Хори роҳи ишқро кай метавон аз по гирифт?

Дар дабистони ҷунун будам ба Маҷнун ҳамсабақ,
Ман муқими шаҳр гаштам, ӯ раҳи саҳро гирифт.

Раҳм н-омад бо ту ҳеч аз нолаҳои зори ман,
Аз дилат таълими сахтӣ шишаи хоро гирифт.

Пурсиши бемор бояд кард, гар худ душман аст,
Ҳеч нашнидӣ, Сикандар чун сари Доро гирифт?!

То шудам рамзошнои нуктаҳои бенишон,
Сайди маънӣ Туғралам аз панҷаи анқо гирифт.

1 Яди байзо – дасти сафед; киноя аз дасти пурэъҷози ҳазрати Мӯсо
(а).

пешина
аз 312
навбатӣ