Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ака, беҳуда гўш надиҳед. Бозор номи шуморо, номи саги шуморо башикаст ба забон намегирад.
  • Бепарда гап зан, Моҳпарча!
  • Аз бачаҳои худатон ҳам бохабар шавед!
  • Ман якта дорам, ўро нағз медонам.
  • Шумо нағз медонед. Онҳо шуморо нағз намедонанд.
    Бегоҳӣ Сабо ҳам пахта начид. Як напурсидед, барои чӣ?
  • Барои чӣ?
  • Бо касе буд.
  • Бо кӣ?
  • Бо Хиёл.
  • Дурўғ! Кӣ гуфт?
  • Ман мегўям.
  • Шоҳид!
  • Сафия.
    Сафия базўр меистод. Ба ў ин ҳама хархаша таъсири баде доштанд. Сараш сахт дард мекард ва сабук чарх мезад. Чашмонаш туман гирифта буданд. Ин гапи Моҳпарча ўро бештар шўронд.
  • А духтар, гапи беҳударо чӣ мегўӣ! Онҳо ҳам ману ту барин об менўшиданд. Чӣ дар дили мардум алов меандозӣ?
    Наим ба Сафия наздик омад. Рост ба чашмонаш нигоҳ карду пурсид:
  • Не, ту бигў, ҳар ду якҷоя буданд?
  • Об менўшиданд.
  • Шуд. Об мехўрданд онҳо, бало мехўрданд, фарқ надорад. Сабо! – фарёд зад Наим.
    Дастонаш гиреҳ буданд; суми асп барин калону вазнин буданд; ба рўяш нигоҳ карда намешуд, хун барин сурх мегашт. Ба ғайри мўйсафедон касе ба чашмони ў нигоҳ карда наметавонист.
    Сабо бо сари хам аз миёни духтарон баромад ва дуртар аз падараш истод. Ҳар балову қазоро интизор буд. Вай падарашро сангдил гуфта наметавонист, зеро то имрўз аз ў дуруштие надида буд, вале модари бечорааш гоҳо зарби ин муштҳоро хўрдааст. Сабо ба рўйи падараш нигоҳ намекард, ҷуръат надошт. Вазъияти Хиёлро донистанӣ мешуд. Ў ин лаҳзаҳо чӣ ҳол дошта бошад?
пешина
аз 186
навбатӣ