Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аз худ бадаш омад, ки аҳамияти бисёре ба ин мавзўъ медиҳад.
Шом фаро расида буд ва ў дар торикии нарму камранг мерафт. Аз худаш пурсид:
- Куҷо биравам?
Боз ҳам андўҳу шармсорӣ фаро гирифташ: шарм мекард, ки хонаву дарашро аз ў гирифтаанд, шарм мекард, ки дар кўча мондааст, гурусна мебошад ва ҷое надорад, ки биравад. Ба худ иқрор кард: шахсияташ поймол шудаааст, як саги бесоҳиб, сўзанхўрдайи ранҷур асту шармзода. Хориаш омад, ки ятим аст.
Чандрўза буд, модараш сари фарзанд рафт. Падар пеш аз таваллуди ў аз дори дунё рафта буд. Модар чӣ касест?- эҳсос намекард, падар кист?- намешинохт: худ фарзанде ба дунё наоварда буд. Ба ақл шояд дармеёфт, вале дилаш гунг буд. Бале, ҳич падар нашуда буд. Ҳич хешованде надошт.
Дар ятимхона бино шуда, пову забон баровард. Ба русӣ ҳарф мезад. Забонаш забони ятимхона буд. Одобаш, фикраш, хиёлаш- ҳама аз ятимхона буданд. Чиҳилу нуҳ сол умр кард, то соҳиби хона шуд. Севу ним сол зиндагӣ кард дар он, насибаш накард. Дубора беҷову по шуд.
Нахустин чизе аз он овони дур дар ёдаш зинда гашт, борон буд. Ҳич аламе аз он рўзҳо надошт, намедид, гўё розӣ буд. Зиндагониеро, ба ҷуз ҳамоне ки худ дошт, намедид, тасаввурашро ҳам намекард. Ду чиз пайваста ўро дунболагирӣ менамуд ва аз он ду чиз эҳсос мекард, ки ятимхона, яъне, чӣ? Аввал он ки забон намедонист, дувум, хатна нашуда буд.
Боре ҳам хост забони румиро фаро бигирад; дунё дигаргуна шуда буд, вале ҳушашро натавониста буд, сари ҷо бигзорад. Чанд калима ёд гирифту бас. Дигар ба натиҷае нарасид: дармонд. Коҳилӣ ин ҷо низ шармандайи хеш гардондаш.
Сарашро боло кард, пули бузургро дид, ки рўйи рўдхонайи Душанбе уфтода, ҳар ду қисмати онро пайванд карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё