Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ўро дунболагирӣ мекунанд, аз сари сафили пастак, ки дар гирди чанд бехи ниҳоли лаби ҷўйбори поёнӣ бораи рост гирифтаанд, мепаранд. Вале асп дар гардиши хонаи нави Кенҷа панаҳ мешавад.

  • Аспа бигирен, пеши роҳи аспа бигирен!– нидо мекунад Ҳидоятулло.

Кўдак чархи мошинро сар- сари теға боло мебарад, ғелонида- ғелонида боло мебарорад. То сари теғаи қуллаи куҳ андаке роҳи дигар мондааст. Ў саросема нест, чархи худро ў ҳам бо тамкину бо бурдборӣ мебарад. Ба ягон сўе нигоҳ намекунад. Хеле бодиққат пеши пояшро ва балони мошинро нигоҳ мекунад. То сари қулла як қадами дигар мондааст.
Ў ба поён менигарад. Аспе дартоз аз миёни тангкўчаҳои деҳа медавад. Замин нам аст, чанг аз зери суми асп намехезад.
Кўдак ба нўги қулла мерасад.
Асп дар майдони поёни осиёби крак медавад, чарх мезанад, рикобҳо ба паҳлуи ў бармехўранд. Садои суми асп то ба гўши писарак мерасад. Ба гумони кўдак дар саросари деҳа садои пои аспу шиҳаи ў шунида мешавад.
Кўдак балонро пасу пеш тела медиҳад ва башаст онро ба поён ҷар мекунад.
Балон бо шаст ба поён меравад, садои пурваҳшате дорад ҷаршавии чархи мошин. Ҷаҳида- ҷаҳида ба осиёби крак наздик мешавад.
Кўдак бе ҳеҷ рағбат ба чархи давону равон менигарад.
Балон дар сахраи азими болои осиёб ба шаст мезанад ба маҳзе, ки аз болои осиёб мепараду ба замин мезанад. Асп, ки дар қарибии осиёб медавид, чароғак мешавад, сари ду по рост мешавад, тур гирифта, тарс хўрда, дар лаҳзае девонавор худро ба тангкўчаи поёни осиёб мезанаду мегурезад.
Балон ба дунболи ў медавад. Ҷар мешавад, қариб ки ба асп мерасад. Асп ва балон аз қафои асп дар тангкўча медаванд.
Одамони парешон, кўдакони тарсхўрда, сагони ваҳшатзада ва аз сари тарс меҷакида кўчаҳои деҳаро пур мекунанд. Аз ҳар куҷое садои даводави одамон, ниҳеби мардон, ҳаёҳуи кўдакон, доду войи пиразанон бо садои суми асп ва чархзании девонавори чархи мошин баланд шуда, ба ҳам меомезанд.

пешина
аз 186
навбатӣ