Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ронанда ва ҷавон бо ваҳшат ба ҳамдигар менигаранд.
Мошин боз ба сар меравад ва се даъфа чаппагардон мешавад.
Поёни дара.
Мошин чаппа шудааст.
Ҷавон рў ба боло хобидааст. Аз даҳони вои ширдони мошин қатраҳои шир ба рўи ў мечаканд. Аз бинӣ ва ҳам аз даҳони ҷавон хун метаровад. Хуну шир бо ҳам меомезанд.
Ҳидоятулло дар гараж. Хари сиёҳи ў дар таги нигаси гараж, дар пеши трактори баланде сархам истодааст.
Ҳидоятулло низ дар таги нигаси қаровулхона гап медиҳад. Харидороне, ки аз магазин баромадаанд, дар пеши ў нишастаанд, дастонаш дар коғазпечҳои калон:
- Ғўлака гирифтуму бо кулўлаи чормағз задум дар пешонии занак. Занак набуд, кампир буд. Сахт азобмон дода буд. Сарашро қафонокӣ дар девор пайи ҳам чанд бор ҷиқиду баракӣ рафт, зад дар замин ва тунук шуд. Гурехтем…
Одамон механдиданд.
Чанд одаме дар лойи хамгашти дара лағжида-лағжида поён мефуроянд.
Онҳо ба сари ҷавон меоянд. Сарашро боэҳтиёт мебардоранд. Ў чашмонашро мекушояд. Чизе гуфтан мехоҳад.
Ё ин дар назари одамон метобад, вале дар гулўяш чизе хир-хир мекунаду халос. Дигар садое намебарорад. Аз гўшаш хун метаровад. Биниашро маҳкам карданд, аз даҳонаш хун сар кард, биниашро кушоданд.
Ҷавон оҳиста ҷон дод.
Рафтанд пеши дари шофир. Ўро бардошта фуроварданӣ шуданд, худаш фуруд омад, бо кўмаки одамон. Аз мошин фуромаду гуфт:
- Ҳамроҳам чӣ хел аст?!
- Ҳамроҳат хуб аст, каме лат хўрдааст,- гуфтанд ба мулоиматӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё