Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳаво хунук буду меларзид, дастонаш гап намегирифтанд.
Ҳанифа ўро аз сари куҳ дид. Фаҳмид, ки акси ўро мегиранд. Сари духтарро раҳо кард ва худро зад ба таги дарвоза. Духтарак монду ҳайронӣ ва сари жўлидааш.
«Нашуд, ошно! Тундтар бояд ҷунбид. На ин корат шуд, на он корат...»
Сипас, пушти бомҳоро зилл мезад: шояд рўйдоде бибинад, то аз худхўриву андешаҳойи яъсовар андаке руҳашро бад- он фаро бибарад. Пишаке песа аз боми Азизмо ба боми Тош гузашт. Нишаст, рў ба боғ гирифт, нигарист, пасон панҷаашро лесид. Ду духтараки хеле кучулу дар боми оғил чанг ба рўю мўйи якдигар заданд ва чириғ кашиданд.
Парандае, шояд сор бошад, ў парандагонро намешинохт, тарсида, аз сари симчўби Ҳалима парид ва ба ҳаво рафт.
Ҳаво акнун камабр аст. Абри тунук офтобро меполонд. Рўйи бомҳойи гилин рўшании нарми пойизӣ бароҳат густурда мешуд.
- Ҳаво хуб шуд, ҳама берун рехтанд,- гуфт сағира ва аз сари ҷар пас гашт.
Аз дами дари кулбайи куҳнайи Абдуқодир гузашт.
Айвонаш як сутун дошт. Соя дар даҳанаш уфтода буд.
Се кўдак дар се гўшайи ҳавлӣ истода буданд ва ҷидол мекарданд. Духтараки ба синни шарм расида аз бехи девор, аз пуштайи шиферҳойи сари танур, калла мекашид ва худро нишон намедод; аз дами нигоҳ мегурехт.
Сағира, гўё ҳаргиз ўро надида бошад, чашмашро аз духтари шармгин баргирифт; худро ба шикваҳойи одатии беғамаш машғул дошт.
Ҳаво соф нест, хуршед мисли рўзҳойи пеш наметобад.
Бомҳо, мисле ки дар он тобистон буд, сафеди ба дил занандайи беруҳ нестанд.
Дарвозайи маълими Амин боз аст. Аз мўрии баландаш дуд мебарояд.
«Меравам ба хонаат,
Зулфини дарвозаро мезанам...»
Зани маълим хеле саросема аз дари танги бари девор берун шуд. Бо тағорайи холӣ ба куҷое рафт. Ўро нашинохт. Дарвоза во монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё