Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БТР истод. Ўро бо дашном пойин, ба сари як майдони паҳноваре, бурданд. Дар назараш куҳнаву норўфтаву бетартиби дарида намуд. Фикр кард: ин чӣ пиндоресту чаро ин гуна ҳисро дар ў барангехт? Оре, ин майдон пахтазори ночидайи помолшуда буд.
Дилаш ба ҳоли худаш месўхт.
Аҷиб, ҳама корҳои нокардааш, ҳар он чи дар дилаш ҳаст ва ният дошт, ки рўйи парда биёрадшон, пеши назараш ҳувайдо гардиданд. Ғамгин шуда буд. Ва бо ин бепарвойиву беэътиборӣ ба он асарҳойи мавҷудайи бевасӣ – кӣ медонад, сўхта хоҳанд шуд! - ин қадар ғаму андўҳ ба он чизе ки аз дил бурун наёмада аст!
Баройи ў ба таҳти зиндагӣ расидан душвор буд, зеро ҳич гуна дониши муназзами фалсафӣ надошт ё хирадмандии хеле содайи деҳқониро низ фаро нагирифта буд. Ба ҷуз чанд соли омўзишгоҳ ҷое дигар таҳсил набардошта буд.
Ўро бо дашном пойин андохтанд, садои фишанги камонҳоро шунид, дилаш, пойини дилаш, ҷое дар зери нофаш ногаҳон хунук хўрд. Банди дилаш аз хунукӣ меларзид, манаҳаш низ раъша пайдо кард. Мехост бо дастонаш шонаҳояшро оғўш бигирад ё бишинад ва зонувонашро дар синааш бифишорад. Ва дар худ гармиро ҳабс кунад; намонад, ки аз баданаш биравад.
Аз бозувонаш гирифта буданд; бурдандаш даҳ қадам болотар ва росташ монданд. Ва ў бечора шуд, ки ба дузаху биҳишт бовар надорад. Ногаҳон он донистаҳойи пароканда дар сараш ғавр карданд.
Ҳама динҳойе, ки шунида буду хонда буд, баройи ў муҳим намуданд. Кадомаш баройи ўст? Ба табиати ў, дунёи ў кадомаш созгор аст!? Кадомаш ўро дар оғўш мегирад?
Кадомаш аз худ дур медорад? Дар ин чанд сония, охир, наметавонист, худро тағйир бидиҳад. Ўе, ки ҳаст бо ҳама айбҳояш. Кадоме аз он миёни ин кашмакаш ногаҳон дарёфт, ки ҳадафи олии ў дар зиндагии ў худи ў будааст.
«Ҳич кас маро мисли худи ман дўст надошт. Беҳтарин дўстам худи ман будам, бадтарин дўст ҳам худам будаам.
Ман ин зиндагиро ба хотири шахси худ дўст доштаам. Оё агар таносух бошад ва ман як давре ба дунё боз биёям, хотирайи ин зиндагиву зиндагониамро дошта бошам ё не?

пешина
аз 186
навбатӣ