Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Шаб шуда буд ё фаро мерасид? Танҳо пойини зонувонашонро медид, ки дар мўзаҳойи даридаву гилолуд фурў рафта буданд. Пас ба пойҳойи худ нигоҳ кард.
Кафшҳойи арзонаш навтар буданд. Шояд аз пояш баъд накашанд, фикр кунанд, ки кафши мурдаро пўшидан марг меорад ва дилашон дур равад. Ў кафшашро бо ёрии панҷаҳойи по кашид ва пеш андохт...
«Аҳмақҳо,- фикр кард ў.- Напаронданд. Ҷонам халос мешуд...»
Курсиро ҷамъ мекард. Паҳну ҳамвор шуд, мисли тахта.
«Мешавад,»- гуфт ба худ ва онро ба шикамаш баст. Шабу дарёву мавҷу тахта. «Роҳи халосӣ ҳамин аст,»- фикр мекард.
Ҳама роҳҳои дигар баста буданд. Сари ҳар роҳ гурўҳе буд.
Гарданаҳоро гирифтаанд. Ба боло раҳ надошт, зеро дида буду санҷида. Онҳое, ки болои шаҳр ва бахши он баландиро зери даст доштанд, ҳич раҳме ба ў нахоҳанд кард. Ҳатман мекушандаш. Бо хориву зориҳо, ранҷу зиллатҳо. Аз инсонӣ чизе дар ў боқӣ намегузоранд, пас меафгананд, ки бо ҷонканиҳои ҷаҳаннамӣ, сагвор, бимирад. Ва низ ў дар он ҷоҳо зиндагӣ наметавонад бикунад. Хўйи созгор надорад.
Ва неруву ҳавсалае, ки ҳамеша дар баробари онҳо ба силоҳи худи онҳо муқовимату зўрӣ кунад, он ҷо ҳаминро зиндагӣ меноманд. Ў борҳо он ҷо буд ва дидаву санҷидааст.
Ба пойин меравад. Ў ҳис мекард, ки нафасашро шўри дубораи зиндагӣ ба хеш фаро мехонад: инро написандид.
Он шаҳомате, ки қасди мурдан ва пазириши бетааммули марг дар нафси ў офарида буд, коҳиш меёфт. Ва ў бо ҳар абзор, ки он замон зери дасташ буд, ин шўрро саркўб менамуд.
Ва ин роҳро фикр кардан низ баройи ў як навъ озору хории нафси зиндагӣ буд. Яъне, бебокона таваккул кардан ва ба канори рўд омадану худро ба дарё андохтан. Ё мераҳам, ё мемонам!
Бад нест, ки чароғҳои шаҳр намесўзанд. Шаб хуб торикӣ дошт, тирҳои оташгун рўйи шаҳр хатҳои рўшан мекашиданд. «Мисли думи ситора ё уфтодани ситора,»- гуфт, ба дил гуфт, вале замоне ки медиду аз дил ин қиёсро мекард, дар ёдаш аловбозиҳои кўдаконайи шаб зинда гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё