Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Овоз ки мекашид, овозаш борик буд, мисли риштайи пахта ва аз заъф садо надошт. Пинак рафт, ғанаб кард. Як соат дар он ҳол монд. Хобаш хеле ғарибона буд. Дар хобаш тарсид, дакка хўрд. Чашмонаш гушуда шуданд. Зане дар пушторайи хеш мурда мебаровард. Роҳ аз пойин ба боло буд: кўтал, хок, рег, похса... Мард- шавҳараш дар шоле хокистарирангу тира кафанпеч шуда, халтае дусара- ҳарду сар ғунчавор (қабзайӣ) баста буд: кафани хокистарии тира сияҳу вазнин. Роҳ танг ва сангвара. Кўтал Аз лойи деворҳойи ғамгин, лобалойи нигасҳо, пинҳону падид миёмад. «Хобе тира ва ғамнок,»- фикр кард пиразан. Ва дид:
бомҳойи хонаҳойи паёпайи пойин ғам бардошта буданд, гилашон хокистарӣ метофт.
Паропар шуд, овозе аз тирагиҳойи ҳол ба ғубори ангишт омад:
- Бачаҳоро бероҳа барен!
- Духтаронро хона бизанен!
Овози модар:
- Метонӣ бихезӣ, бачам?
- Мехезам.
- Дар хоки пот ҷонум, як илоҷ кун, ки мурдайи падар беҷаноза намонад.
Писарак аз бистар бо ёрии модар бархост. Бо кумаки ў то ташнов рафт.
Аз пушти пардайи ташнов садойи хафаву гирифтайи модар омад: - Ку, биё, бинам, бачам.
- Ина.
- Қариб саҳат шудаст- е. Тоза кунем, покат кунем, ки банамоз шавад. Оби сардаш бирезам, бачам?
Садойи резиши об аз сатил ба тағора ба гўш омад ва уф задани писарак боло шуд. - Як дамак тоқат кун, бачам, як дамак.
Писарак лаб ба таги дандон гирифта ва хомўш буд.
Дардро мардонавор таҳаммул мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё