Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бори дувум гўгирд зад ва дар шакардон андохт. Чун сарпўшашро боло кард, дид, ки оболии донаҳои гўгирд мурда аст.
Ва мўрчаҳо ҳанўз зинда, зиндайи зинда.
Оташи газро барафрўхт баланд ва қанддони сафеди чиниро рўйи он ниҳод ва ба ҷонкании мўрчагон диққат кард. Гармойи ҷаҳаннам шакардони лабрез аз мўрчагонро саропо печонид. Шакардони сафед тафсид ва шакар доғ шуд. Хеле ҳам ба ҷонкании мўрчагон диққат кард.
Мўрчагон ҳама сўхта- сўхта мурданд. Ногаҳон моеи ғализ давродаври шакардон доғ шуд. Шакар зуб мешуд ва бар мўрчаҳойи мурда мебаромад. Оташро кушт. «Ба танаш мечаспад,» - гуфт ва як пиёла об дар он рехт. Бўғу фашфаши об боло хест. Чўбчаҳойи нимсўзи гўгирд ва мўрчагони сўхта боло заданд Бо латта шакардони тафсонро рўйи миз гузошту болояшро пўшонд. Имрўз об набуд, ки ба ташнов бирезандаш. Ҳамин тавр рўйи миз монд.
Дар рўйи миз мўрчагони дер расида ширинии гумшударо меҷустанд. Вён Шаранг донаи гўгирдро оташ гиронд ва оташро як- як ба мўрчаҳойи шитобзадарафтор дошт. Ҷинҷ зада мемурданд. Рўйи сафеди миз акнун чанд доғи зард бо нуқтаҳойи сиёҳи мурдайи мўрчагон пайдо кард.
Ҳафтае шуд, ки об нест. Вён Шаранг ҳич нафаҳмид, ки чаро ба мўрчагон ин марги пурдаҳшатро раво дид. Дар дилаш мотами абадӣ нишаста буд, вазъе тира ва марговар.
Оҳи вазнине аз дил баровард ва ба сўйи курсӣ рафт. Курсӣ лаки тозае дошт. Нишасту сарашро бо ду даст гирифт. Нотавон шуд, ноумед, бечора. Ва бераҳм...
Ногаҳон як чароғи мисин хост. Аз ин ба баъд орзуҳояш гирди ҳамин чароғи мисин бо патефони фулузии никелӣ мегардид; ба ҳама мегуфт:
- Дўст дорам як чароғи мисин дошта бошам, мехоҳам рўйи мизак як чароғи мисин барафрўзам.
Бехи сангҳойи буни як оғил буттайи зиркро дид. Баргҳояш зард буданд ва дар буни сангҳойи дурушти тира зардӣ
мефишонданд, меваҳояш кабуд буданд ва ғуҷумҳо дар нўги
навдаҳойи нозуки сабзгун мерахшиданд. Аҷаб ҳолате ба ў эҷод шуда буд; лаби пойинашро пеш овард, шикамаки сабзи лаби пойинӣ ба лаби боло сахт часпид, мусовӣ бо ин амал чашмонаш то ниҳояти сафедиҳош аз хона берун дамиданд, садое аз ҳалқумаш берун ҷаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё