Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Тасаввурашро надошт, ки донаҳойи марҷони зирк дурахшиши кабуд бидиҳанд; чанде зирк канд, парвонае танҳо аз пушти буттаҳо парпар заду бархост ва дар лаҳзае, ки ў ангушти хорхалидаашро ба даҳон мебурд, аз дидаҳо рафт. Зирк пурхор буд. Пушти буттаҳои зирк фазои дудии куҳ нафас мезад. Куҳ барф дошт.
Нигоҳашро қатъ кард: роҳи дарозе дар пеш дошт. Ба ҳаётае, ки давродавраш таворайи симтурини баланд кашида буданд, даромад ва беҳуда бех- бехи он аз сангҳову хорҳо убур кард. Роҳе пайдо нагашташ ва дигарбора назди даричайи танг омад. Арақ оварда буд ва кулоҳи пашмини лабадори сиёҳашро аз сар баргирифт, ҷойи помонӣ кофт, ки аз даричайи танги ҳаётайи бунбаста берун ояд.
Аз бузраҳа гузашт. Болотарин кулбаи ин деҳкада дар сояи чормағзи бузурги баргзард, пойини пояш, омад.
Хост аз санги баланди буни чормағз по ба боми гилинаш биниҳад, вале дудилагиву шак ба истиҳола водошташ, сари пош хушкак зад ва истод; наёфт, иҷоза бояд гирифт.
- Вён Шаранг мисле ки соли гузашта ин ҷо садо карда буд, фарёд кашид:
- Хонадо- о- ор!
Вале имсол ҳич кас посух нагуфт.
Саге дар паяш афтод. Саросема шуд, дарвозаро ҷусту наёфт. Мобайни иморату девори оғил роғе пайдояш шуд ба қадди одам, худро дар он зад ва қабл аз он ки сарошеб шавад, пеши пояшро нигоҳ кард мабодо исҳоли кўдакон зери пояш биёяд. Вале ин ҷо роғи танг, ки кўдакон дўст доранд, он ҷо нишинанд, тоза буд. Аз пиндори нохуби худ изо кашид.
Роғи нишеб дар ҳаётайи танг тамом шуд, ўро ба ҳавлии борику шеб, ки дар ҷарии тунде интиҳо меёфт, вуруд кард ва онро шинохт. Он сол, ки ин ҷо расида буданд, ба садойи Вён Шаранг духтараке аз долон фуруд омада буд ва бо лаҳне меҳмоннавозу латиф гуфта буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё