Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гоҳе дар ин ҳаракатҳо панорамаи акси худи ў рўйи аксҳойи ҷанги кўча меомад: мошинҳо месўхтанд, одамон месўхтанд, ҷавонаке меуфтод, хонаводае, кўрпа тори сар, мегурехтанд, бухчае дар тори сари занаке месўхт (ҷараққаи минаи фосфорӣ ба ў расида буд) ва худ бехабар аз оташе, ки бар сар бардошта буд, медавид; ва танҳо акси ў буд, ки устувору газанднопазир рўйи шиша бозтобӣ шуда, сангин, беҳис, ба оромиши ваҳшиёнае, пушт ба аъмоқи ойина, ба ҷисмаш, ба чашмони худаш, ки дар курсии роҳати жарфи пасти чармин фурў рафта нишаста буд, менигарист.
Ин бор парон- парон хеле шиддат дошт; ҷанги шадиде дармегирифт (Ў ин ҷо қартаи Вагнер- «Фавти худоён»- ро дар патефон монд).
Гурўҳе ба ҳавлии иморат ворид шуданд ва бахшешон дар кунҷу бурҷҳои девор панаҳ бурданд.
Касе дар кунҷе, ки аз девори даромадгоҳ ва девори балкон ба вуҷуд омада буд, часпид, гўё худро борику дароз сохт, ҷисми худро, то ҳадде метавонист, коҳонд ва гранатомётро ба қадди худ рост кард, ончунон ки сари граната зери манаҳаш омад.
Вён Шаранг фикр кард, ки ҳич ҷангиданро намедонад.
Даст ба дурбин бурд ва сўйи тиреза баргашт, ки бибинадаш. Чеҳрааш рўйи воқеаҳое, ки дар ойина мунъакис мешуданд, омад. Дурбинро ба чашмаш бурд ва писаракеро ба наздик дид; хеле содаву хом менамуд.
Дурбинро ба нармӣ пойин бурд. Зовияи дидаш дигар ғарибе шуд; об аз кедиҳои писарак ба рўйи асфалт шорид ва ҳавзча шуд. Писарак аз тарс мезида буд.
Вён Шаранг дурбинро канор зад ва чеҳраи мутааҷҷиби худро, ки ҳанўзам бар аксҳои рўйи ойина мусаллат дошт, дардмандона дарҳам кашид.
Бархост ва пардаи ғафси тирезаро пойин кашид. Хонаи нимтор ҳоли ғарибе гирифт. Суроби ў рўйи патефон хам хўрд. Симфонияи «Фавти худоён» ҳама садоҳоро маҳв сохт ва хонаро пур кард.
Ногаҳ шунид, ки дарро мезананд. Башитоб рўйи ойинаро парда кашид. Парда дурушту катонӣ буд. Ва бо нўги по сўйи дар ҳаракат кард.

пешина
аз 186
навбатӣ