Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мавриди 26 шоираи форсизабон низ бояд гуфт, ки намунаи ашъори онҳо зиёд нест. Танҳо аз Меҳрӣ 13 байт, аз Нисоии Фахруннисо 9 байт, аз Сайидбегим 7 байт, аз Подшоҳхотун ва Офоқбика 6 байтӣ, аз Маҳастӣ, Ҳаёт, Ҳиҷобӣ ва Фотимахотуни Дўстӣ – 5 байтӣ, аз духтари Ғазолӣ ва Заифӣ
– 4 байтӣ, аз Ҷаҳонхотун, Ниҳонӣ, Отун – 2 байтӣ, аз боқии шоираҳо танҳо як байтӣ намуна ҳаст.
Соҳиби тазкира пеш аз ҳама ба аслу насаби шоираҳо эътибор додааст. Аксари мақолот бо ҷумлаҳое мисли ин сар мешавад:
«Маҳастӣ аз нажоди мардуми ҷомеулқадр буда».
«Подшоҳхотун бинти Қутбиддин Муҳаммад Султон...».
«Хоҷа Қивомиддини Ҳасан ўро дар никоҳи худ дошт».
«Ҳарами мўҳтарами Муҳаммадхони Шайбонӣ ва волидаи Муҳаммад Раҳими Султон буд».
«Духтари Амирбеки Ҷалоир ва ҳамшираи Мирҳасан Алии Ҷалоир, падари Султон Увайс ва шавҳари Дилшодхотун».
Дар сифати баъзе аз шоираҳо гуфтааст, масалан:
Ҷаҳонхотун «аз машоҳири шуарои Шероз буд».
«Ниҳонии Шерозиро аз мардуми он ҷо бисёр дар ҳусну ҷамол ва фаҳму фаросат таъриф мекунанд».
Дар бораи духтари Қозии Самарқанд менависад:
«Кайфияти аҳволи ў маълум нашуд».
Дар бораи Партавӣ низ айнан гуфтааст, «кайфияти аҳволи ў маълум нашуда».
Дар тазкира аз куҷо будани қариб ҳамаи шоираҳо зикр шудааст. Чунончи, маълум мешавад, ки бархе аз шоираҳо, аз ҷумла Орзу, Меҳрӣ, Ҳаёт, Бича, Бедилӣ аз Ҳирот, Ҷаҳонхотун ва Ниҳонӣ аз Шероз, духтари Қозӣ ва Бибӣ Орзу аз Самарқанд, Офоқ Бика аз Балх, Ниҳонӣ аз Кирмон, Исматӣ аз Хоф, Нисоӣ аз Хуросон, Нисоии дигар – аз Нисо, Партавӣ аз Табрез, Сайидабегим – аз Ҷурҷон, Ғазолӣ аз Язд ва ғайра ҳастанд.
Дар баъзе мавридҳо соҳиби тазкира дар бораи макони зист ва мардуми он хитта низ ҳарфи ситоиш мегўяд. Чунончи, «Партавӣ аз хиттаи поки Табрез аст». Ё «Афифаи солеҳа Сайидбегим бинти Сайид Ҳасани Коркиёст ва аз содоти олинасаби қавиҳасби вилояти Ҷурҷон аст, ки ба Астаробод шўҳрат дорад ва пойтахти Мозандарон аст.

пешина
аз 500
навбатӣ