Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз Шаръӣ ба ғайр аз баъзе ашъор ва ҷузъҳои як тазкира асари дигаре дар даст нест. Аммо ба қавли ҳамзамонон ў осори бештаре доштааст. Муҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро» дар ин маънӣ чунин гуфтааст: «Чунончи ин фақири муаллифро баъзе кутуби мустаъмалаи ў ба даст афтода, ки дар боби таҳрир доди тақрирро дода, ки аз ҳеч як аз уламои замон ба он миқдор меҳнат дил наниҳода» (5, 127).
Дар мавриди сифоти шахсии Шаръӣ ағлаби тазкиранигорон хислатҳои ҳамидаи ўро номбар кардаанд, ки ҳалимӣ, таҳаммулгароӣ, донишмандӣ, сухансанҷӣ, хушсуханӣ аз ҷумлаи онҳост. Ба гуфти Ҳашмат, «Сомӣ дар хушнависӣ беназир, таҳрироташ дилпазир. Дар ҳусни сурат ва дар хубии сират ва муҳовараву такаллум дилпазиру беадил» (15, 24). Садри Зиё низ ин нуктаро тасдиқ мекунад:
Ба ҳар ҳол марди накўгўй буд,
Вазеъу халиқу накўхўй буд (10, 122).
Аммо бо ин ҳама бархе ба ў муносибати хуб надоштанд.
Ба қавли Афзал-махдуми Пирмастӣ, бархе «забон ба таъни ў мекушоданд. Ҳатто ки баъзе атвору авзои мункира ва нолоиқро ба ў нисбат медоданд…» (7, 66). Афзал-махдум дар тазкираи худ ин пиндорро хато шумурда, тавзеҳ медиҳад, ки «мушорунилайҳ аз аҳли суннат ва ҷамоат аст» (7, 66). Садри Зиё низ муносибати дугунаи ҷомеаро нисбат ба ў зикр мекунад:
«ҷамъе мухлиси ў буданд, дар камолот месутуданд, фавҷе мункири ўянд, ба фазоеҳ (расвоӣ, беобрўӣ, шармандагӣ – М. М., И. Э.) мансуб медоранд» (9, 114).
Ашъори Шаръӣ воқеан хубу дилпазир аст ва чанд байти зерин, ки бар таҷнис бунёд доранд, далели ин матлаб хоҳанд буд:
Эй бурда гарав қоматат аз сарв ба рафтор, Сўйи мани афтода қади хеш барафтор.
Зинҳор маёзор дили хастаи ушшоқ, Яъне, ки магў сўйи мани хаста маё зор.
Асрори ғами ёр макун фош ба ҳар кас, Пинҳон ғами дил дор чу асрор ба дилдор.
Эй зоҳиди худбин макун инкори муҳаббат, Аз аҳли риё ҳаст ниҳон лаззати ин кор (13, 25).

пешина
аз 500
навбатӣ