Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар миёни сарчашмаҳои асосие, ки таҳқиқи адабиёт мубтанӣ бар онҳост, тазкираҳо ҷойгоҳи махсус доранд. Тазкира манбаи боэътимод дар омўзиши адабиёти давраи муайяни таърихи адабиёт буда, фарогири маводи ғанӣ дар бораи масоили муҳими адабиёт, бозгўи рўзгор ва осори адибон, авзои доираҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, шинохти сабк ва услуби суханварон, таҳқиқи масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ мебошад. Тазкираҳо дар шинохти табъи сухансанҷии адибони гузашта низ нақши муассир доранд. Аз ин лиҳоз, омўзиши вежагиҳои адабӣ ва таърихии тазкираҳо яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва арзишманди адабиётшиносии муосир маҳсуб меёбад.
Дар поёни садаи ХІХ ибтидои асри ХХ таҳаввули тазкиранигорӣ ба мушоҳида мерасад ва паёпай чанд тазкира таълиф мегардад: «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Афзал-ут-тазкор фӣ зикри-ш-шуаро ва-л-ашъор»-и Афзал-махдуми Пирмастӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, «Тазкират-уш-шуарои мутааххирин»-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ, «Тазки рат-уш-шуаро»-и Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Таз кори ашъор»-и Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, «Таз кираи Фаҳмӣ»-и Абдулмутталибхоҷаи Самарқандӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва «Армуғони Саббоқ»-и Шайх Абдулқодир Кароматуллоҳи Саббоқи Бухороӣ.
Дар таҳия ва таҳқиқи ин тазкираҳо Расул Ҳодизода, Саҳобиддин Сиддиқов, Турсунбой Неъматзода, Абдураззоқ Зоҳиров, Асғари Ҷонфидо, Алии Равоқӣ, Камол Айнӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Мубашшири Акбарзод ва дигарон саҳми арзанда доранд.
Ағлаби нусхаҳои қаламии тазкираҳое, ки дар поёни садаи ХІХ ва ибтидои асри ХХ таълиф шудаанд, дар захираи дастнависҳои пажў ҳишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва Осиёи Марказӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои интиқодии қисме аз онҳо бо кўшиш ва ибтикори донишмандон тартиб дода шудаанд, аммо як қисми дигар то ҳол дар шакли мусаввада ниёзманди таҳқиқу интишор мебошанд.

пешина
аз 500
навбатӣ