Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз ҷиҳати дигар мавриди таъни суфаҳо мегардад, ки мегўянд:
«миёни саҳеҳу сақим ва рақиқу матин қувваи тафриқаю тамйиз надорад. Истеъдоди маърифати калом, ки балоғат аст, дар фитраташ нест, вагарна имтиёз дода исбот мекард» (17, 80).
Чунонки мушоҳида мекунем, муаллиф на танҳо фазилатҳо, балки заъфу камбудиҳои суханваронро низ зикр мекунад. Ба рағми бархе аз тазкиранависони ин давра, аз қабили Афзал-махдуми Пирмастӣ, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам ва Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ (бар истиснои Мирсиддиқхони Ҳашмат ва Шарифҷон-махдуми Садри Зиё), ки зимни нигориши аҳвол ва осори суханварон дар аксари маврид бо суханпардозиву умумигўӣ иктифо намуда, аз зикри мақом, манзалат ва ҳунари шоирии онҳо лаб фурў бастаанд, Шаръӣ қариб дар ҳама маврид назари шахсии худро, ки баъзан интиқодист, пинҳон намедорад. Чунончи, дар мавриди шоире бо номи Маҷнуни Эронӣ интиқоди шадиди муаллиф ба мушоҳида мерасад:
«Баъзе содадилон, ки тамйизи ошноии ҳусну қубҳи шеъру сухан нестанд, ўро шоири моҳир тасаввур карда, ашъори ўро мутлақан носанҷида, бад-он замзама месозанд. Ашъораш бисёр ва татаббўаш бешумор, аммо аз нақду тасҳеҳ холис кам мебарояд. Баъзе ислоҳпазир ҳам нест, магар он ки маънӣ аз хориҷ барои вай тарошида часпонанд» (17, 78).
Ҳақ ба ҷониби донишманди тоҷик Турсунбой Неъматзода аст, ки тибқи мушоҳидааш аз байни тазкиранигорон Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ ягона нафарест, ки дар бораи рўзгор ва аҳволи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ хеле муфассал иттилоъ додааст.
Дар тазкираи Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ якчанд ғазали Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ сабт ёфтааст, ки дар татаббўъ ва ҷавобияи ғазалиёти худи Шаръӣ гуфта шудааст. Дар ин бора соҳиби тазкира низ бо ибороти «ин ғазалро дар татаббўи роқими ҳуруф… барҷаста ва матбўъ гуфта» ишораи сареҳ кардааст (17, 90-91). Ин ҷо ба тариқи ихтисор аз ғазалҳои ҷавобияи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ байтеро меорем, ки ба ваҷҳи аҳсан гуфта шудааст:
Татаббўъ бар ғазали Шаръӣ:

пешина
аз 500
навбатӣ