Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

АБУЛФАЗЛИ СИРАТ ВА ҲУНАРИ ШОИРИИ Ў
Дар нимаи дувуми садаи ХІХ адибони номваре мисли Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддини Шоҳин, Ҳайрат ва дигарон беҳтарин анъанаҳои адабиёти моро идома дода, дар баробари ин дар вуруди мавзўоти нав ва тарзи баёни тоза хадамоти шоистае ба ҷо оварданд. Аммо дар ҳамин давра дар радифи шуарое, ки зикрашон рафт, як зумра суханварони дигаре низ дар майдони адабиёт аспи ҳунарро ба ҷавлон оварда, миёни хосу ом хеле шўҳрати зиёд пайдо кардаанд ва ашъори нобу обдоре аз худ ба ёдгор мондаанд. Қозӣ Қурбонхони Фитрат, Афзал-махдуми Пирмастӣ, Абулфазли Сират, Садри Сарир, Исо-махдум, Муҳаммадшарифи Анбар, Сипандӣ, Бебок ва дигарон аз ҷумлаи шоироне ҳастанд, ки дар фазлу дониш ва сухангустарӣ шўҳраи замон буданд, вале ба иллати он ки ҷаҳоншиносии эшон ба мафкураи замони шўравӣ мувофиқ набуд, ин тоифа аз назарҳо дур монда ва таълифоташон низ мавриди омўзиш қарор нагирифтааст. Ҳоло фурсати он расидааст, ки ин давраи нисбатан камтар омўхташудаи адабиёт дубора мавриди таҳқиқ ва арзишдоварӣ қарор гирад ва, ба ҳамин минвол, дар бораи баъзе шуарое, ки аз аҳволу осорашон воқиф набудем ва ё камтар маълумот доштем, огоҳии бештаре пайдо кунем ва ҷойгоҳи ҳар кадоми онҳоро дар адабиёт дуруст муқаррар намоем.
Яке аз адибони хушзавқи ҳамин давра Абулфазли Сират аст, ки аз пайравони Бедил маҳсуб меёбад ва дафтари ашъораш бо як сарсухани кўтоҳи шоир аз ҳаводиси айём маҳфуз монда, дар захираи дастхатҳои шарқии АИ Тоҷикистон зери шумораи 858 нигоҳ дошта мешавад ва аз 77 саҳифа иборат аст.
Ин дафтари ашъори Сират муштамил бар анвои гуногун мебошад, ки маснавиву қасида, ғазалу қитъа, моддаи таърих ва рубоӣ, муаммову муфрадот аз он шуморанд.
Дар бораи аҳвол ва осори Сират аз тазкираҳои охири асри ХІХ-ибтидои асри ХХ: «Тўҳфат-ул-аҳбоб»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё, «Афзалут-тазкор»-и Афзал Махдуми Пирмастӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мирсиддиқхон Ҳашмат, «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, «Тазкират-уш-шуаро»-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ, «Тазкираи Шаръӣ»-и Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ ва баъзе сарчашмаҳои дигар маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё