Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз назари фикрӣ меҳвари асосии шеър мадҳ будааст ва табиист, ки он ғолибан дар қолаби қасида гуфта мешуд. Дар қасидасароӣ ба тағаззул – тасвири маъшуқ ва табиат низ аҳамияти бештар додаанд. Дар мазмунсароӣ ва маъниофаринӣ таваҷҷўҳ ба маъниҳои мазҳабӣ, аз ҷумла маърифати ислом, дини масеҳӣ, зардуштӣ, тасвирҳои «турк», «санам» ва ғайра афзоиш ёфт.
Аз назари адабӣ бар илали рушди мадҳ иғроқ ба ҷои аввал омад. Бунёди аксари тасвирҳо бар ташбеҳҳои хос буд, вале ба тадриҷ ташбеҳҳои маҳсус ба маъқул (яъне, ташбеҳҳои зеҳнӣ, ки бар ақл асос ёфтаанд) ва ташбеҳҳои хаёлӣ рў ба афзоиш доштанд. Агар дар давраи Сомониён ташбеҳҳо бештар тафсилӣ, яъне, тўлонӣ бошанд, дар давраи Ғазнавиён онҳо кўтоҳтар шуданд. Дар ташбеҳсозӣ шоирон аз шеъри араб баҳра ҷустанд.
Чунонки ишора шуд, дар давраи Ғазнавиён сабки хуросонӣ идома пазируфт ва ҳарчанд ки Ғазнавиён – парвардаи хонадони Сомониён бо шеъру фарҳанг хў гирифта буданд, миёни Сомониён ва Ғазнавиён тафовути ҷиддӣ низ вуҷуд дошт. Нахуст, Ғазнавиён туркнажод буданд, бинобар ин, рўҳияи онҳо ҳаргиз эронгаро набуд ва ҳар чизе ки дар санои эрониён гуфта мешуд, боиси ғазаби онҳо мегардид. Таҳқир шудани Фирдавсӣ ва қимат пайдо накардани «Шоҳнома»-и ў низ ба ҳамин далел аст.
Баъдан, Султон Маҳмуд ба тарвиҷи дини ислом аҳамияти хоса дод ва ба густариши забони арабӣ дар қаламрави эрониён роҳ кушод. Девондорӣ, ки дар замони Сомониён бо забони форсӣ буд, ба забони арабӣ гардонида шуд ва донишмандону шоирони арабидоне, чун Байҳақӣ ва Манучеҳрӣ эътибори зиёд пайдо карданд. Дар мадрасаҳо низ омўзиши забони арабӣ ва фунуни динӣ дар бунёди барномаи таълим гузошта шуд. Солисан, мадҳ дар замони Сомониён меъёри худро дошт ва шоирон дар ситоиши мамдўҳони худ аз ҳад зиёд по намегузоштанд. Аммо Ғазнавиён, ки ба қасди кишваркушоӣ паёпай ба кишвари Ҳиндустон ҳамла меоварданд ва аз шуаро талаб доштанд, ки пирўзиҳои эшонро мадҳу ситоиш кунанд, барои қасидаҳои ифротгароёна силаи зиёд медоданд. Чунончи, Масъуд, мутобиқи гуфти Байҳақӣ, дар рўзи иди Рамазон ба шоир Зайнабӣ панҷоҳ ҳазор дирам, ба Унсурӣ ҳазор дирам ва ба шоирони дигар низ бист ҳазор дирамӣ ҳадя дод.

пешина
аз 500
навбатӣ