Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

МАСЪАЛАҲОИ ТАЪРИХИ АДАБИЁТ ВА САБКШИНОСӢ САБКИ ШЕЪР ДАР АСРҲОИ ІХ-Х
(Ин мақола барои китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик» тайёр шудааст)
Сабки адабиёти асрҳои ІХ-ХІ-ро хуросонӣ ном гузоштаанд ва сабаби чунин номгузорӣ он аст, ки адабиёти форсӣ баъд аз ислом дар Хуросони бузург пайдо шудаву рушд кардааст. Марзи Хуросони бузург дар он замон хеле васеъ буд ва на танҳо Хуросон, балки ҳудуди Тоҷикистону Афғонистони имрўза ва Мовароуннаҳру Туркистонро низ фаро мегирифт.
Бинобар ин, баъзан дар адабиёти илмӣ сабки хуросониро туркистонӣ низ гуфтаанд.
Сабки хуросонӣ бо вуҷуди он ки дар Хуросони Бузург ташаккул ёфта, вежагиҳои устуворе ба сифати нишонаҳои муҳимтарини сабки ин давра ба бор оварда буд, таъсири он аз ҳудуди Хуросон берун омада, ба манотиқи форсизабонон таҳмил гардид. Аз ин ҷост, ки истилоҳи «сабки хуросонӣ» дар адабиёти илмӣ на ба маънии тарзи баёни адибони як кишвар, балки ба сифати вежагиҳои хоси як давраи таърихи адабиёт, аниқтараш назму насри форсизабонон дар даврони Тоҳириёну Саффориён ва Сомониёну Ғазнавиён бояд пазируфта шавад.
Дар қисматҳои «сабки давра»-и китоби мазкур бо назардошти тарҷеҳи назм бар наср ҳам аз лиҳози қидмат ва ҳам ба эътибори нуфузу таъсири назм дар миёни форсизабонон сабки осори манзум мавриди таваҷҷўҳи махсус қарор гирифтааст.
Оғози адабиёти форсӣ аз чашмандози таърихӣ ба замони салтанати Тоҳириён ва Саффориён рост омад ва давраи рушди он бо назардошти махсусиятҳои сабки хуросонӣ бо табори Сомониён ва Ғазнавиён иртибот дорад.
Агар ба давраи ташаккули ин сабк мутаваҷҷеҳ шавем, чунин ба назар мерасад, ки аз давраи Тоҳириён ва Саффориён асомии танҳо ҳафт нафар: Муҳаммад Васифи Сагзӣ, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Мухаллад, Абўсалики Гургонӣ, Фирўзи Машриқӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ то рўзгори мо расидааст, ки дар маҷмўъ абёти боқимондаашон 58 байтро ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё